Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

(Таманиёти директори Агентии хизмати

давлатии назди Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон Давлатов Ҷ.М. ба муносибати

31-солагии  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии

Тоҷикистон)

Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён кулли ҷавонмардони кишвар, аз ҷумла  хизматчиёни давлатиро ба ин рӯзи басо ифтихори - 31-солагии  таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯем.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он мувофиқи моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳисоб меравад.

Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад.

 Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ин мактаби мардонагӣ ва омӯзиши касбу ҳунар, мактаби бузурги тарбия, ҷасорат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин таҷриба нишон медиҳад, ки ҷавонмардоне, ки хизмати ҳарбии муҳлатнокро дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона адо намудаанд,  дар хизмати давлатии шаҳрвандии низ самаранокии фаъолияти онҳо бештар аст.

Ва далели рӯшани он далерию ҷавонмардии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки  давоми се сол (1971-1974) дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар флоти баҳрии уқёнуси Ором хизмати ҳарбиро адо намудааст.

Боварии комил дорем, ки минбаъд низ хизматчиёни давлатӣ ҷиҳати адои уҳдадории ҳарбии худ бетараф намемонанд, зеро ҳифзи Ватан уҳдадории ҳар як хизматчии давлатӣ мебошад.

Дар робита ба ин бори дигар ҷавонмардони кишварро ба ифтихори - 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона  шодбошу муборакбод гуфта, барояшон саломатии бардавом ва рӯзгори пурфайзро  таманно дорем.

      Пирӯзиву комёбӣ ҳамеша ҳамқадами Шумо бошад!

      

     Бо эҳтиром,

     директори Агентии хизмати давлатӣ