Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Лоиҳаи фармоиши якҷояи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯйи бемориҳое, ки барои иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатӣ монеа мегарданд» мувофиқи моддаи 58 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҷиҳати иҷрои талаботи сархати бисту якуми қисми 2 моддаи 8 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар таҳрири нав таҳия карда шудааст.

Мақсади таҳияи лоиҳаи мазкур мушаххас намудани Номгӯйи бемориҳое, ки барои иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатӣ монеа мегарданд, ки бо фармоиши якҷояи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 сенябри соли 2012, №117 ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  27 сентябри соли 2012, №476 «А» тасдиқ карда шуда, аз 2 ноябри соли 2012, №660 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, мебошад.

Номгӯйи бемориҳо, ки ба иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатӣ монеа мегарданд, бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ дар машварат бо мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи тандурустӣ муаяйн карда шудаанд.

Номгӯйи бемориҳое, ки дар санади қаблӣ нишон дода шудааст, 24 гурӯҳи бемориҳоро дар бар мегирифт, бо истифодаи рамзҳои Таснифоти омории байналмилалии бемориҳои насли даҳум ба 9 номгӯйи бемориҳо иваз карда шудаанд.

Дар робита ба ин тибқи талаботи қисми 1 моддаи 56 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» лоиҳа дар таҳрири нав пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи мазкур аз 20 декабри соли 2023, №04-2311 ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои баррасӣ ирсол карда шудааст.

Њамзамон лоиҳаи мазкур мувофиқи қисми 2 моддаи 5 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» барои баррасии мақомоти давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар сомонаи расмии Агентии хизмати давлатӣ дар қисми «Китобхона»-и Агентии хизмати давлатӣ дар саҳифаи «Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҷойгир карда шудааст.

Хоҳишмандон метавононд таклифу пешниҳодҳои худро дар шакли электронӣ тавассути почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ё дар шакли хаттӣ ба Агентии хизмати давлатӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир, 33 пешниҳод намоянд.

         Агентии хизмати давлатии назди

         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон