Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Боиси ифтихор аст, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзҳои ид» ҳамасола дар кишвари мо Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад, ки oн аз нaшри нaхустин рӯзнoмaи тoҷикӣ- «Бухoрoи шaриф», ки 111 сол муқаддам таъсис ёфта, минбаъд ба пайдоиш ва ташаккули матбуоти тоҷик замина гузошт, сарчашма мегирад.

Таъсиси рӯзномаи мазкур яке аз падидаҳои таърихии асри 20 маҳсуб ёфта, дар он маводи гуногун оид ба вазъи сиёсии замон, тиҷорату бозаргонӣ, расму оин, забону фарҳанг, илму маориф, ахлоқу ҳунар ва зиндагии рӯзмарраи мардум дарҷ мегардид, ки ба ташаккули афкори солим ва бедории ҷомеа мусоидат намуд.

Матбуоти тоҷик дар 111 соли мавҷудияти худ масири пурифтихореро тай намуда, бешак дар роҳи иттилоърасонӣ, равшангарии афкори ҷомеа, ривоҷ додани андешаи миллӣ ва тафаккури созанда саҳми босазое гузоштааст.

Матбуоти тоҷик бо гузашти солҳо ташаккул ёфта, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди он такон бахшида шуд. Теъдоди рӯзномаҳо, ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, телевизиону радио бамаротиб афзоиш ёфта, талаботи рӯзафзун ба иттилоот нақши воситаҳои ахбори оммаро дар ҷомеа боз ҳам тақвият дод.

Воситаҳои ахбори омма, хусусан матбуоти даврӣ ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири амиқ расонида, хусусан дар замони таҳаввулоту  тағйирёбии ҷаҳони муосир ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ нақши бориз дорад.

Нақши воситаҳои ахбори омма ва кормандони соҳаи матбуоти тоҷик  ҳамарӯза дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумат, дастоварди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвари азизамон шоистаи таҳсин буда, ҷиҳати баланд бардоштани худшиносӣ, маърифату ҷаҳонбинии мардум, ошкорсозӣ ва  ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва дар маҷму барои рушди давлатдорию пешравии ҷомеа муҳим мебошанд.

Итминони комил дорем, ки намояндагони воситаҳои ахбори омма минбаъд низ бо зиракиву ҳушёрии сиёсӣ барои инъикоси воқеии комёбиҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, муќовимат ба дуруѓафканї дар барои кишвари мо, тарғиби сулҳу субот ба  ободониву бунёдкорӣ саҳми арзандаи худро гузошта, ба давлату халқ содиқона хизмат хоҳанд намуд.

Дар ин рӯзи муборак аҳли қалам-кулли кормандони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаро бо Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрик гуфта, барояшон пирӯзиҳои рӯзафзуни касбию ҳаётиро орзу мекунем.

 

                                                                                                         Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон