Таҳти чунин унвон имрӯз, 9 - уми декабри соли 2024 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои сардорони шуъбаҳо (бахшҳо)-и умумии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи курси мазкур, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишо Карамалишоев, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Шоҳрух Ҳамидов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ифтитоҳи курси мазкур қайд карда шуд, ки сохтори ҳукумати электронӣ имконоти нави идорасозии давлат мебошад, ки тавассути истифода аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди фаъолияти коргузории мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ба нафъи шаҳрвандон сурат мегирад. Ҳукумати электронӣ як воситаи дастрас кардани иттилоот ва расонидани хидматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон, тиҷорат, дигар шохаҳои давлатӣ ва коркунони давлатӣ мебошад, ки дар он ҳамкории мутақобили байни давлат ва дархосткунандагон хеле осон сурат мегирад ва аз технологияи иттилоотӣ ҳар чи беҳтар истифода мешавад.
Тибқи маълумоти Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси мазкур дар ҳаҷми 46 соат бо фарогирии 60 нафар шунавандагон ташкил ва ба роҳ монда шудааст.
Академияи идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон