Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» аз 21 июли соли 2011, №201 (бо таѓйиру иловаҳо аз 22 июни соли 2023 № 1973) 1-уми декабр Рўзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ пешбинӣ карда шудааст.

Вобаста ба тақвияти фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ва худидораи маҳаллӣ дар паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Аз ҷумла, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2003 қайд карда шуд, ки  «Ислоҳоти сохтории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ аз масъалаҳои муҳиму зарурӣ мебошад, зеро таъмини суботи сиёсӣ, амнияту оромии ҷомеа, татбиқи якхелаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсию ҳуқуқии мардум, амалӣ гардонидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат ва дар маҷмӯъ таъмини пешрафти ҷомеа аз фаъолияти дурусту оқилонаи мақомоти мазкур вобастагии бевосита дорад.»

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди низоми нави давлатдорӣ ибтидо гузошта, барои такмили марҳила ба марҳилаи низоми идоракунии давлатӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Боби шашуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ бахшида шуда, дар заминаи он қабули ду қонун пешбинӣ гардид.

Аз ҷумла, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз 17 майи соли 2004, №28 иборат аз 5 боб ва 39 модда ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аз 5 августи соли 2009, №549 иборат аз 5 боб ва 47 модда қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Қонунҳои мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот танзим намуда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ  ва молиявии онҳоро муайян менамоянд.

Мувофиқи сохтори идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар 3 вилоят, шаҳри Душанбе, 68 шаҳру ноҳия ва мақомоти худидоракунӣ дар 428 ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот такшил ва фаъолият доранд. 

Дар самти ташкил, такмил ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ як қатор консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои муҳими давлатии дорои амалияи кўтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат қабул гардидаанд, ки ҳамагӣ барои ислоҳоти рушди соҳа равона карда шудаанд.

Дар доираи татбиқи санадҳои қабулгардида, ки дар маҷмўъ ба тақвияти рушди минбаъдаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ нигаронида шуданд, иқдомҳои пайдарпай ва мувофиқашуда роҳандозӣ гардиданд.

Аз ҷумла, бо мақсади муайян намудани самтҳои асосӣ ва вазифаҳои стратегии ташаккули низоми муосири идоракунии маҳал ва амалишавии самараноки он дар ҷомеаи муосир бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2015, №522 Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ гардид.

Дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 дар самти рушди маҳал амалӣ гардидани тадбирҳои зерин, аз қабили азнавтақсимкунии вазифаҳо ва ваколатҳо, ҷудо намудани моликият ва таъмини худмухтории молиявии онҳо, ҷорӣ намудани низоми худидоракунии маҳаллӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, шаҳракҳо ва деҳот, тақвият додани нерўи институтсионалии минтақаҳо аз рўи афзалиятҳо, таҳкими заминаи иқтисодӣ ва фазои сармоягузорӣ ва ѓайраҳо  пешбинӣ карда шудааст.

Ҳамчунин яке аз самтҳои фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ татбиқ ва риояи меъёрҳои танзимкунандаи қонунгузори соҳаи хизмати давлатӣ ба шумор меравад.

Таҳлили моддаҳои 20 ва 201 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» нишон медиҳад, ки риояи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҷониби раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ карда шудааст.

Мувофиқи сархати 17 қисми 1 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 5 марти соли 2007, №233 фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми хизмати давлатии шаҳрвандӣ мансуб мебошад.

Аз муқаррароти мазкур бармеояд, ки қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ ба фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот низ татбиқ гардида, тартиби қабул ба хизмати давлатӣ, озмун, аттестатсия, баҳодиҳии фаъолият, ҷойивазкунӣ ва дигар технологияҳои кадрӣ дар ҳамоҳангӣ амалӣ карда мешаванд.

Ба ҳолати 1 октябри соли 2024 дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот теъдоди 18374 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият доранд.

Аз ҷумла, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 3483 нафар (занон 1084 нафар ё 31,1 фоиз)-ро ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 2901 нафар (занон 610 нафар ё 21,0 фоиз)-ро хизматчиёни давлатӣ ташкил медиҳанд.

Агентии хизмати давлатӣ ҳамчун мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти татбиқи  қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ мунтазам роҳандозӣ менамояд.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 1 декабр дар қаламрави кишвар ҳамчун Рўзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ таҷлил карда мешавад.

Ба муносибати ин рӯзи фархунда ҳайати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору эҳтиром тамоми  кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муборакбод гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба онҳо фаъолияти босамар ва пешрафтҳои беназири соҳавиро таманно менамояд.

Иди касбӣ муборак ҳамкасбони азиз!

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон