Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

3 июли соли ҷорӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини кор бо мақомоти маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз руйи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир» ифтитоҳ гардид.

Ҳадаф аз ташкил ва роҳандозӣ намудани курси такмили ихтисосї мазкур баррасии мавзуҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир мебошад.

Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Давлатов Ҷума Маҳмадалиевич дар ифтитоҳи курс зимни баромади худ ба масъалаҳои муҳимми рушди хизмати давлатӣ ва татбиқи амалии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа дар раванди идоракунии давлатӣ диққати махсус дода, курси омӯзишии мазкурро яке аз василаҳои баланд бардоштани сатҳои донишҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии шунавандагон арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин дар ифтитоҳи курси мазкур ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент - Сафарзода Даврон Ҷурахон дар назди меҳмонон, омӯзгорон ва шунавандагон моҳияти курси мазкурро ба таври мушаххас шарҳ дод. Қайд карда шуд, ки курси такмили ихтисос бо мақсади татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар самтҳои хизмати давлатӣ, танзими ҷашну маросим, илму маориф, муқовимат бо коррупсия ва дигар мавзуҳои муҳимми ҳаёти ҷамъиятӣ ташкил ва роҳандозӣ гардидааст.

Ҳамчунин дар курси мазкур мавзъҳои сиёсати давлатии молиявӣ, иқтисоди миллӣ, технологияҳои рақамӣ, самтҳои афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраҳои то соли 2030, истифодаи самараноки замин, таъмини амнияти озуқаворӣ, тақвияти фаъолияти идеологӣ, масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрҳо ва дигар мавзуъҳои мубрамаи  рӯз дар шакли модулҳои таълимӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа пешкаши шунавандагон гардонида мешаванд. Курси мазкур аз 3 то 5-уми июли соли ҷорӣ идома меёбад.

 

Академияи идоракунии давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон