Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳия:

  1. Мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари бахши рушди иқтисод ва савдои МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари бахши меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари Раёсати кишоварзии МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот:

  1. Сармутахассиси омори Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1810 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси омори Ҷамоати деҳоти Палдорак – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1810 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси омори Ҷамоати деҳоти Оббурдон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1810 сомонӣ.
  4. Сармутахассис – самуҳосиби Ҷамоати шаҳраки Обшорон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1810 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Оббурдон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбар нозири мизи ҳарбии Ҷамоати ша[раки Бӯстон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Обшорон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбари кишоварзии Ҷамоати деҳоти Палдорак – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари кишоварзии Ҷамоати шаҳраки Бӯстон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбари кишоварзии Ҷамоати деҳоти Навбаҳор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
  11. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Палдорак – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1218 сомонӣ.
  12. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Навбаҳор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1218 сомонӣ.
  13. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Оббурдон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1218 сомонӣ.
  14. Мутахассиси рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Навбаҳор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1218 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ

  • Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

Талаботи тахассусӣ

Бароии ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

Талаботи тахассусӣ

Бароии ишғоли мансаби мутахассис:

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба номи роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:       

  Ноҳияи Мастчоҳ, шаҳраки Бустон, кўчаи С.Шарифов №23,

Телефон барои тамос: 2-21-61

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Мастчоҳ муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

      Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.