Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Воҳидҳои сохтории МИЊД-и ноҳия ва Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия:

  1. Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2245 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1464 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбарои бахши дин, танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1295 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашу маросими Ҷамоати деҳоти Лангар - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1295 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари кишоварзии Ҷамоати деҳоти Лангар - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1150 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Лангар - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1220 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангии Ҷамоати деҳоти Лангар - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1220 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири шуъба:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мудири шуъбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси:

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси:

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот бо шакли замимаи 1 Низомнома;

- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

- тарҷумаи ҳол;

- ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- 2 дона акси андозаи 4х6 ;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надоранд;

- нусхаи шиноснома;

-эъломия оид ба вазъи молу мулкӣ ва дар бораи супоридани эъломия;

- маълумот оид ба андоз аз даромад;

- нусхаи  гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  038 УЕ муқарраргардида;

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН)

- маълумотнома (справка-объективка).

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд);

Довталаб метавонанд дигар ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод намояд (банди 28 Низомнома)

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

   Ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон, бинои

мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, индекс: 735520,

Телефонҳо барои тамос: 111181112, 926378526, почтаи

электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии Кӯҳистони Мастчоҳ муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

     Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.