Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Ба таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2022,   №26/10-26 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2021 санаи 15 феврали соли 2022, соати 1100  дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир-33 баргузор мегардад.

Дар нишасти матбуотӣ иштироки роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони он ва намояндаи Академияи идоракунии давлатӣ пешбинӣ гардидааст.

Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма 15 феврали соли равон аз соати 1030 оғоз мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд, ки қаблан тавассути телефонҳои 224-40-67, 224-53-22 ё почтаи электронии infoЭтот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. аз қайд гузаранд.

Ҳамчунин, намояндагони воситаҳои ахбори омма метавонанд, ки барои дарёфти ҷавобҳои мушаххас саволҳои худро тавассути телефонҳо ва почтаи электронии зикргардида ба Агентии хизмати давлатӣ то санаи баргузории нишасти матбуотӣ пешниҳод намоянд.

 

 

                                       Агентии хизмати давлатии назди
                                       Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон