Ба таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки мувофиқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июли соли 2019, №26/10-172 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 санаи 1 августи соли 2019, соати 09:00 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-40, ошёнаи 2 баргузор мегардад.
Дар нишасти матбуотӣ иштироки роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони он ва намояндаи Донишкадаи идоракунии давлатӣ пешбинӣ гардидааст.
Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма 1 августи соли равон аз соати 08:00 оғоз мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд қаблан тариқи телефонҳои 224-40-67, 224-53-22 ё почтаи электронии infoЭтот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. аз қайд гузаранд.
Ҳамчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма метавонанд, ки ҷиҳати дарёфти ҷавобҳои мушаххас саволҳои худро тавассути ҳамин нишониҳо ба Агентии хизмати давлатӣ пешниҳод намоянд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон