Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Вазорату идораҳо

                                                                                                                                                                 (тибқи рӯйхат-фаврӣ)

 

Мавзӯъ: Дар бораи пешниҳоди номзадҳо барои таҳсил дар магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон тариқи бурсияҳо

Бо арзи эҳтиром иттилоъ медиҳем, ки бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи хизмати давлатӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди хизмати давлатӣ

байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба корҳои хизмати давлатӣ аз 12 майи соли 2008 (дар таҳрири нав аз 14 марти соли 2018) ва дар заминаи он Созишнома оид ба ҳамкориҳо дар самти таълими хизматчиёни давлатӣ байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 майи соли 2015 ба имзо расида, дар доираи онҳо робитаҳои судманди дуҷониба ба роҳ монда шудааст.

Мувофиқи Созишномаи мазкур аз ҷониби Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб ҳамасола аз рӯи барномаи яксолаи магистрӣ бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ» ба тариқи ройгон бурсияҳо ҷудо карда мешаванд.

Дар доираи татбиқи ин санадҳо солҳои 2011-2018 19 (зан-3) нафар хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон магистратураи яксолаи Академияи мазкурро бо тариқи ройгон бо дастгирии молиявии худи Академия ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ» хатм намуда, дар вазорату идораҳо фаъолият дошта, таҳсили 2 (зан-1) нафар идома доранд.

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкориҳо дар самти таҳсили хизматчиёни давлатӣ айни ҳол он тамдид гардид.

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистоназ 16 марти соли 2020, №06-02-13/224 дар чорчӯбаи Созишномаи мазкур ва Созишнома бо Бунёди Ханнс Зайдел дар магистратураи Академияи зикргардида барои соли таҳсили 2020-2021 барои иштироки хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаҳои зерин муроҷиат намудааст:

-«Рушди маҳал» (таҳсил бо забонҳои русӣ ва англисӣ, яксола);

-«Рушди сарварии минтақавӣ» (таҳсил танҳо бо забони англисӣ, дусола ҷудо нагардида аз кор барои ҳайати роҳбарикунанда);

Тибқи маълумоти ҷониби даъваткунанда талаботи асосӣ барои номзадҳо синни то 40-сола (ба ҳолати то 1 июли соли 2020), таҳсилоти олӣ, собиқаи на камтар аз дусолаи хизмати давлатӣ (вобаста ба барномаҳои таълимӣ), донистани забонҳои русӣ ва англисӣ муқаррар гардидааст.

Дар асоси талаботи ҷониби даъваткунанда довталабоне, ки сертификати омӯзиши забони англисӣ (IELTS, TOEFL PBT ё TOEFL IBT) надоранд, метавонанд, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон то 1 июли соли равон номнавис шуда, бо пардохти маблағи муқарраргардида (аз ҳисоби номзад) дар Академияи мазкур рӯзҳои 17-18 июли соли 2020 аз санҷиш гузашта, соҳиби сертификат гарданд.

Довталабоне, ки сертификатҳои зикршударо доранд, метавонанд, ки тавассути скайп аз суҳбат гузаранд.

Хароҷоти сафар дар давраи супоридани имтиҳонҳо аз ҷониби номзад ё мақоми давлатие, ки номзадро пешниҳод кардааст, пардохт мешавад.

Таҳсил дар магистратура барои хизматчиёни давлатииҶумҳурии Тоҷикистон тариқи бурсиявӣ (ройгон) бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, баъди қабул ба донишгоҳ пардохти хароҷоти сафар, стипендия, бимаи тиббӣ ва будубоши номзадҳо аз ҷониби маблағҳои грантии Академия ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон пешбинӣ гардидааст.

Бо дарназардошти ин, хоҳишмандем, ки номзадҳоро ҷиҳати интихоби пешакӣ ва мувофиқаи минбаъда то 20 июни соли 2020 ба Агентии хизмати давлатӣ бо замимаи ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод намоед:

-нусхаи ҳуҷҷат оид ба таҳсилоти олӣ (бо варақаи баҳо);

-нусхаи шаҳодатномаи хизматӣ;

-нусхаи шиноснома (тоҷикӣ ё хориҷӣ);

-нусхаи сертификат оид ба сатҳи донистани забони англисӣ (агар бошад);

-гувоҳномаи тиббӣ;

-ду тавсиянома барои номзад (тибқи замимаи 3);

-ду дона расми 3х4 (ранга).

Ҳуҷҷатҳои мазкур бояд бо забони русӣ хонапурӣ карда шуда, аз ҷониби нотариуси давлатӣ тасдиқ карда шаванд.

Мувофиқи таҷрибаи ҳамасола Агентии хизмати давлатӣ дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти давлатӣ барои пешниҳоди хизматчиёни давлатӣ дархост ирсол менамояд.

Бо мақсади ҷалби бештари хизматчиёни давлатӣ нусхаи электронии маводҳо оид ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба хадамоти кадрии мақомоти давлатӣ фиристода мешавад. Ҳамчунин маводҳои мазкур дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ бо нишонии www.ahd.tj ҷой дода шудааст.

Хоҳишмандем ҷиҳати пешниҳоди номзадҳо дар муҳлати муқарраргардида мусоидат фармоед. 

Замима: Дархости Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар 36 саҳифа.

 

 

     Бо эҳтиром,

директори Агентӣ                                 Давлатов Ҷ.М.

 

Эзоҳ: Барои дастрас намудани маълумоти бештар оид ба магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонметавонед аз сомонаи E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. истифода баред.

 

 

Иҷрокунанда: Азимова С.М.

Телефон.:         224-53-22