Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Ба таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз22 июни соли 2020, №26/10-218 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 санаи 30 июли соли 2020, соати 1400 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-40, ошёнаи 2 баргузор мегардад.

Дар нишасти матбуотӣ иштироки роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони он ва намояндаи Академияи идоракунии давлатӣ пешбинӣ гардидааст.

Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма 30 июли соли равон аз соати 1300 оғоз мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд қаблан тариқи телефонҳои 224-40-67, 224-53-22 ё почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. аз қайд гузаранд.

Ҳамчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма метавонанд, ки ҷиҳати дарёфти ҷавобҳои мушаххас саволҳои худро тавассути телефонҳо ва почтаи электронии зикргардида ба Агентии хизмати давлатӣ то санаи баргузории нишасти матбуотӣ пешниҳод намоянд.