Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

 Дастаи мутрибон мақомро иҷро намуданд. Онҳо бо асбобҳои алоҳидаи навозандагӣ аз рӯйи нотаи муайян ин амалро иҷро намуданд. Навозандагон ҳангоми иҷрои ин ё он оҳанг, наво, савт, соз ё ин ки мақом ҳатман бояд аз илми мусиқишиносӣ, ки асоси онро донистани нотаҳо ташкил мекунад, ҳатман бохабар бошанд. Агар онҳо аз ин нозукиҳо огоҳ набошанд, дар ин ҳолат соз дилхарошу ноҷӯр гардида, ба шунаванда ҳаловат намебахшад. Дар ин фаъолият, асос навозанда аст, ки донандаи илми ноташиносӣ мебошад.

Дар дастгоҳи Раис дастаи хизматчиёни давлатӣ, ки дар мақомот (марказӣ, маҳаллӣ ё худидора) фаъолият доранд, уҳдадор ҳастанд, ки барои ҳалли ин ё он мушкилоти корхона, муассиса, ташкилот ва сохторҳои давлатӣ бояд бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ноҷӯриро бартараф намоянд, ки инро мо инъикоси сиёсат меномем, яъне сиёсат дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос мегардад.

Аъзоёни дастгоҳ ҳатман бояд аз нозукиҳои санадофарӣ бархурдор бошанд, то ин ки хостаҳо ва ниёзҳои гуногуни табақаҳо ва қишрҳои ҷомеа ҳалли худро ёбанд. Дар ин фаъолият асос эҷоди меъёрҳое ҳаст, ки мисли мусиқиноваз идоракунанда аз “нотаҳо”-и худ бояд ба пуррагӣ хабардор бошад. Имрӯз мо дар амалия мебинем, ки қисми зиёди таҳиякунандагони сиёсат “нотаҳои” худ, яъне аз моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ба таври зарурӣ огаҳӣ надоранд. Пас мо ба фаъолияти ин мақомот, ки аз хизматчиёни дастгоҳ вобаста аст, чи гуна баҳогузорӣ мекунем. Дар ин ҳолат мушкилиҳо ба таври зарурӣ мавриди омӯзиш, таҳлил ва таҳқиқ қарор намегиранд, ки ин монеаи пешрафт ва рушди соҳаҳо, минтақаҳо, маҳалҳо, ҷамоатҳо  ва дар маҷмӯъ умури давлатдорӣ мегардад. Мумкин арзёбӣ ва баҳогузрӣ аз ҷониби сарчашмаи ҳокимият – халқ дар ин ҳолат ба хизматчиёни давлатӣ, ки асоси фаъолияти мақомот мебошанд, бенатиҷа ва ғайри қаноатбахш баҳогузорӣ гарадад.  Барои аз ин вазъият баромадан мо кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки атрофи нозукиҳои эҷоди таҳияи сиёсати хирадмандона, борикбинона ва дурбинона дар сариштанамоии гурӯҳҳо, табақаҳо, қишрҳо ва дар шаш зинаи идоракунии давлат пешниҳоду тавсияҳои заруриро мавриди бознигарӣ қарор диҳем:

  1. Таърихи инсоният исбот кардааст, ки тамоми номгӯи сиёсатҳо дар сатҳҳои гуногун амсоли худфаъолият, худидоракунӣ, маҳаллӣ, минтақавӣ, соҳавӣ ва инчунин умумидавлатӣ, дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҳия гардида, тамоми муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа нозукона, хирадмандона ва дурбинона танзим, ҳамоҳанг ва мураттаб мегардад. Аз ин хотир, сохторҳои дахлдори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт бояд омӯзиш ва таҳқиқоти заруриро анҷом диҳанд.
  2. Агар ҷавҳари асосии илми ҳуқуқ ин риоя ва ҳифзи адолат бошад, пас ҷавҳари асосии илми сиёсат кадом аст??? Адабиёти илмӣ, таълимотҳо ва назарияҳо таҳқиқ кардаанд, ки ҷавҳар ва меҳвари илми сиёсат ин ҳифз ва риояи манфиатҳо дар ҳамаи зинаҳои идоракунӣ барои қишрҳо ва табақаҳои ҷомеа аст. Манфиат чун бо фоида ва даромад ҳамвазну муродиф аст, пас илми сиёсат мувозӣ ва тамаркузи асосии илмҳои иқтисодӣ аст. Пас маълум мегардад, ки таҳияи дилхоҳ санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ки бо илми ҳуқуқ ба хотири идоранамоии тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ равона гардидааст, бо сиёсат ҳалли худро ёфта, ба фоида ё зарари кадом субъект анҷом меёбад, бо илми иқтисод ҳамеша ва дар ҳама ҳолат пайванди ногусастанӣ дорад.
  3. Дар асоси моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми идора дар Тоҷикистон демократӣ муқаррар гардидааст. Аз ин бар меояд, ки халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Мутобиқи моддаи 100 шакли идораи давлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон республика – res - кор ва public – омма, халқ тарҷума шудааст. Республикаҳо дар олам бо се тарз саришта карда мешаванд: 1. Парламентӣ, 2. Президентӣ ва 3. Омехта. Бино бар сабаби он, ки дар оғози солҳои 90-уми асри ХХ давлату миллати тоҷик ба садамаи шадиди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда буд, интихоби тарзи идораи Президентӣ аз ҳар ҷиҳат ба талаботи вазъу ҳолати замон пурра ҷавобгӯ буд. Хушбахтона, дар асоси Боби 4-уми Конститутсия Сарвари давлат бо мансаби президентӣ ба муҳлати 7 сол аз ҷониби халқ интихоб мегардад ва мутобиқи моддаи 69 ӯ дар назди вакилони Парламент ба номи халқ савганд ёд мекунад. Пас, зарур аст, ки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ танҳо ба хотири муҳайё кардани шароити арзанда барои таъмини зиндагонии шоиста ва инкишофи озодаи ҳар шаҳрванд сиёсат бо нозукиҳои модели нави идоракунӣ, ки дар консепсияҳои менеҷменти нави давлатӣ инъикос меёбад, ҳамаҷониба ошно бошанд, то ин ки сарчашмаи ягонаи ҳокимият, яъне халқ аз ин сиёсати оқилонаву дурбинонаву созанда ҳамеша бархурдор бошад ва ба мартабаи Пешвои миллат арҷгузорӣ намояд.
  4. Барои танзими ҳамаҷониба ва муваффақонаи идораи муосири давлатӣ фикр мекунам, бояд дар ояндаи наздик лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми идоранамоии давлат”, дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардад, зеро имрӯз зарурати ҳамгироӣ ва мураттабии фаъолияти се шохаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба миён омадааст, ки метавонад натиҷа ва самаранокии идораи давлатро ба маротиб боло барад.
  5. Агар барои ҳамбастагию ҳамгироии чор қисми бузурги низоми сиёсии ҷомеа: давлат, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва ВАО лоиҳаи қонуни мукаммал зери унвони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми сиёсии ҷомеа” таҳия ва қабул гардад, пешрафт ва рушди давлатдорӣ самараи зиёд медиҳад.
  6. Муҳаққиқони риштаи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, яъне Ҷамоат хуб медонанд, ки мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” боигарии аввалиндараҷаи ҳудуди марзию маъмурии дахлдор замин муқаррар шудааст. Курсҳои сайёри Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои кишвар имсол бо муовинони раиси ҷамоат оид ба кишоварзӣ, мутахассисони пешбар оид ба ин соҳа доир гардид, маълум намуд, ки агар аз қабули қонуни танзимкунандаи истифодаи замин дар ҳудуди ҷамоат 15 сол сипарӣ гардида бошад, то ҳол ягон мақомоти худидора “Қоидаҳои истифодаи замини наздиҳавлигӣ, заминҳои президентӣ, заминҳои хоҷагии деҳқонии фермерӣ, заминҳои назди корхонаву муассисаҳо, чарогоҳу ҷангалзорҳо”-и ҳудуди ҷамоати худро таҳия ва дар маҷлиси ҷамоат тасдиқ накардаанд, ки назорати истифодаи замин самаранок нагардидааст. Зарур мешуморем, ки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезия, дар асоси шартнома ба 428 ҷамоати мавҷудаи кишвар дар алоҳидагӣ Лоиҳаи қоидаҳои мазкурро таҳия ва манзур намояд.
  7. Муайян аст, ки сиёсат аз ду бахш – илм ва санъат иборат аст: агар бахши аввал (илм) ба назарияҳо ва таълимот асос ёбад, пас бахши дуюм истеъдоду маҳорат ва малакаҳои махсуси худро доро аст. Пас имрӯз моро зарур аст, ки вобаста ба таҳким ва такмили санъати нозуки танзими идораи давлат, даҳҳо дастурамалу китобҳои рӯйимизии таҳлилӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки меҳвари низоми идоранамоии давлат мебошанд, омода намоем.
  8. Имрӯз вазъ, яъне раванди бунёдкорӣ талаб мекунад, ки барои пешрафти фаъолияти мақомот аз чандин сарчашмаҳои молиявӣ маблағҳои муайянро дарёфт ва истифода бурда шавад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки барои пешрафт ва нумӯи дилхоҳ кишвар сафоратхонаҳо, созмонҳои гуногуни байналмиллалӣ, инчунин иттиҳоду созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар асоси пешниҳоди лоиҳа метавонанд соҳиби грант ва сармояҳои гуногун гарданд. Аз ин сабаб зарур мешуморем, ки дар назди Раисони Ҷамоат, шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо хуб мешуд Марказҳои махсуси таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва кор бо грантҳо созмон дода шавад.
  9. Бастакорон ва оҳангсозон бо истифода аз рамзҳо метавонанд нота, яъне оҳанг, савт, наво ё ин ки мақомро эҷод намоянд, ки шеъри пурмазмун ба як суруди мутантан табдил меёбад. Пас эҷодкунандаи сиёсат бо истифода аз меъёрҳо (яъне ченак ва андозаҳои муайян муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ)  чӣ тавр дар санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҳия месозад? Сари ин мавзӯъ бояд андеша кард, ки чи гуна дар ҳолату шароитҳои гуногуни танзими идораи давлат ин меъёрҳо саривақт тавлид ва истифодаи шаванд? Замона тақозои онро дорад, ки дар клиника ва лабараторияҳои махсуси меъёрсанҷии Парки технологии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар ояндаи наздик,  мутахассисони ояндаи соҳаи хизмати давлатӣ, хусусан гирандагони тахасуси сиёсат ва идораи давлат ҳатман бо дарсҳои амалӣ фаро гирифта шаванд. Ин имкон медиҳад, ки ояндаи наздик менеҷерони сатҳи миллӣ ба менеҷерони сатҳи хеле баланд (ТОП менеҷер) табдил ёбанд.
  10. Бо назардошти он ки хизматчиёни давлатӣ асос, нерӯ ва меҳвари идораи давлатӣ маҳсуб мешаванд ва мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” дар се сол як маротиба ба такмили ихтисос фаро гирифта мешаванд. Аз ин рӯ, хуб мешуд агар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ барои ҳаматарафа ва мукаммал аз худ кардани нозукиҳои идораи давлатӣ пайдарҳам се модули таълимӣ дар тамоми курсҳо баргузор намояд:
  11. Низоми сиёсии ҷомеа
  12. Низоми идораи давлатӣ
  13. Низоми хизмати давлатӣ.
  14. Таҳияи Консепсияи заминаҳои бунёди ҷомеаи соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ барои татбиқи замони муосир, яъне тарҳи ин бинои муҳташам аз диди назарҳо барои роҳбарият ва аҳли ҷомеа намоён гардад.
  15. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои самараи хуб, натиҷанок ва барои сатҳу сифати низоми идораи давлатӣ соли 2018 “Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии
    Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028”-ро қабул намуд, ки он бояд дар конференсияҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмиллалӣ , ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шавад.

Хулоса, давлат дар низоми идоранамоӣ аз садҳо воситаҳо ба монанди ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, идеологӣ, техникӣ, электронӣ, кишоварзӣ, сохтмонӣ ва ғайра истифода мебарад. Дар кадом ҳолату вазъият воситаҳои гуногуни истифодашаванда ба масъалаи сиёсӣ табдил меёбанд. Аз гузориши имрӯза баръало маълум гардид, ки дилхоҳ масъала ҳамон вақт хусусияти сиёсӣ пайдо мекунад, ки ба манфиати синфҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ақаллиятҳои миллӣ, табақаҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа таъсир расонад ва ба манфиати ягон субъект  ҳал карда шавад.

Наимов Маҳмадулло Раҳимович – н.и.с, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: +992 903007337                                          E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.