Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

 

Санаи 14 ноябри соли равон бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Давлатов Ҷ.М. директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайнозимзода Ф.С. - сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ализода Б.П. - профессори кафедраи фалсафа ва фанҳои гуманитарии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих ва Мухторов З.М. – ректори Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе, доктори илмҳои филологӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин дар чорабинии мазкур, кормандони Агентии хизмати давлатӣ, магистрантон-хизматчиёни давлатии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», шунавандагони курси такмили ихтисос барои сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рўйи барномаи «Роҳҳои пешгирӣ аз сўхтор ва дигар ҳолатҳои садамавӣ» иштирок намуданд.

Директори Агентии хизмати давлатӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ вобаста ба заминаҳои ҳуқуқии таҷлили ҷашни мазкур, кӯшишу талошҳои Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикистон, ташаббусу иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат дар роҳи эъмори ҷомеаи навин иброзӣ андеша намуд.

         Аз ҷумла қайд гардид, ки Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамзамон аз ҷониби дигар баромадкунандагон иброз гардид, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ халқи тоҷик давраи басо мушкилро паси сар намуда, бо як қатор душвориҳо рў ба рў гардид. Барои ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон нақши Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят калон мебошад.

         Қарорҳои ин Иҷлосия  давлатро аз парокандагӣ ва миллатро аз нестӣ раҳоӣ намуда, барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлоли миллӣ, муқаррар намудани самтҳои инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд оварданд.

         Таъкид гардид, ки муҳаққиқон тадбиру талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати аз вартаи нобудӣ наҷот додани давлат яке аз муҳимтарин ва арзишмандтарин дастоварди таърихи муосири мо донистаанд, зеро доштани давлатдории миллӣ маънои амалигардидани тамоми орзую ормонҳои ниёгон, заминаи татбиқи ҳадафҳои насли имрӯзу фардо мебошад.

Масъалаҳои дигари муҳим дар ин марҳилаи ҳассос, ки бо ҳидояти бевоситаи Сарвари давлат амалӣ гардидаанд, ҳифз намудани тамомияти арзии  Тоҷикистон, дар муддати бисёр кӯтоҳи таърихӣ таъсис додан ва тақвият бахшидани рукнҳои муосири давлатдорӣ ва ташаккули низоми идоракунӣ мебошад. 

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки имрӯз хизматчиёни давлатӣ бо қадршиносию арҷгузорӣ аз хидматҳои содиқонаи Сарвари хизматчиёни давлатӣ-абармарди давлатсозу ватанпараст дар баробари ҳар кадом сокини ин сарзамин дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъу ҳамдиланд ва дар роҳи рушди кишвари биҳиштосоямон ва болоравии мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ бо пайравӣ аз Президенти маҳбуби худ қадамҳои устувор мегузоранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ ба ифтихори чорабинии мазкур як қатор хизматчиёни давлатӣ, ки уҳдадориҳои мансабии худро бо бартарӣ иҷро менамоянд, бо мукофотҳои идоравӣ қадрдонӣ гардиданд.

 

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон