Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

6 ноябр ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур шуд.

Ҳанӯз сӣ сол муқаддам аз ҷониби мардуми ҷумҳурӣ бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати навини тоҷикон қабул гардид. Ин дастоварди воқеан таърихӣ барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, таъмин гардидани суботи конститутсионӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ заминаи мустаҳкам гузошт.

Қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид. Маҳз бо шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат ва волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, Тоҷикистон ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт.

Тавре Президенти ҷумҳурӣ дар паёми табрикӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия 6 ноябри соли 2023 иброз доштанд, «аз ҷониби мардум дар вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсӣ якдилона қабул гардидани ин ҳуҷҷати тақдирсоз, пеш аз ҳама, гувоҳи аз ҷониби халқи Тоҷикистон дастгирӣ ёфтани сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат буда, ба ҷаҳониён ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва анъанаҳои созандаву бунёдкорона доштани мардуми ҷумҳуриро собит сохт. Дар Конститутсия манфиатҳои миллӣ, арзишу анъанаҳои таърихан ташаккулёфтаи фарҳангии халқи тамаддунсози тоҷик, марому мақсади наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи халқ ифодаи озоди худро пайдо намуданд. Тоҷикистон тибқи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки сиёсати сулҳҷӯёнаро пайгирӣ намуда, истиқлолу соҳибихтиёрии давлатҳои дигарро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муайян карда, рушди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандонро дар идораи давлат кафолат медиҳад.

«Бо гузашти солҳо мо аҳамияти бузурги сиёсиву ҳуқуқии ин ҳуҷҷати бунёдиро бештар дарк ва қадр мекунем, зеро имрӯз мо ба хубӣ медонем, ки маҳз дар заминаи он Тоҷикистони демократӣ рушд намуда, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мавқеъ ва ҷойгоҳи шоиста гардидааст. Конститутсия ба сифати бахтномаи миллат аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки омӯхтану эҳтироми онро ба фарзандони худ, яъне наслҳои ояндасоз аз хурдсолӣ талқин намоем»,-гуфтанд Сарвари давлат.

Ба андешаи доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Маҳкам Маҳмудзода, яке аз ҳадафҳои муҳими қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон мутобиқ гардонидани меъёрҳои Конститутсия ба талаботи муосир ва пеш аз ҳама, бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ буд. Дар гузориш дар сессияи 48-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 30 сентябри соли 1993 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки «Тоҷикистон ҳоло дар таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав кор карда истодааст, ки дар он ҳамаи масъалаҳои марбут ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои ҷудонопазири инсон ва шаҳрванд баррасӣ карда мешаванд».

Ба ибораи дигар, ҳангоми таҳияи Конститутсия роҳбарияти сиёсии мамлакат дар навбати аввал меъёрҳоеро ба назар гирифтанд, ки метавонанд манфиатҳои миллии ҷомеаи нави Тоҷикистонро дар ҳама гуна вазъияти душвор инъикос намоянд, инчунин истиқлолият ва ваҳдати конститутсиониро амалӣ намоянд. Дигар масъалаҳои муҳим низ бояд ба ворид шудани Тоҷикистон ба арсаи сиёсии ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил ва субъекти комилҳуқуқ мусоидат мекарданд.

Ҳамаи ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Конститутсия, ки масъалаҳои татбиқи воқеии соҳибихтиёрии давлат ва пешрафти ҷомеаро баррасӣ мекарданд, таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардиданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд хусусияти асосии Конститутсияи нави Тоҷикистонро муайян намуда, пешниҳодҳои муфид манзур намуданд, ки аз ҷониби Комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи корӣ тасдиқ гардиданд.

«Хулоса, бо гузашти солҳо аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди низоми қонунгузории ҷумҳурӣ, идоракунии ҳокимияти давлатии мо ҳарчи бештар саҳми арзанда ва калидии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди конститутсионализм дар Тоҷикистон эҳсос карда мешавад. Дурустиву саривақтӣ, муҳимияту арзишмандии санадҳои қабулнамудаи ҳамонвақта, ки ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони демокративу ҳуқуқбунёд, дунявиву ягона санги асос гузошт, пояҳои истиқлолияту ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон мустаҳкам намуда, ба ояндаи дурахшон раҳнамун сохтааст»,-илова намуд Маҳкам Маҳмудзода.

Бояд гуфт, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардад.

Дастур дода шуд, ки тамоми сохтори мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятро барои таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024, ки 30-солагии қабули Конститутсия таҷлил мегардад, равона намоянд. Зеро аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.

Воқеан, Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст. Бинобар ин, ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ онро бояд азизу муқаддас шуморад ва ба он ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ арҷ гузорад.

 

Раъно НУСРАТУЛЛО,
Сарчашма:АМИТ «Ховар»