Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 (бо тағйиру иловаҳо аз 15 сентябри соли 2011, №1729) ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2024, №26/10-227 санаи 23 июли соли 2024 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми 2024 дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар робита ба ин қаблан дар сомонаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи www.ahd.tj аз 17 июли соли 2024 эълон дар хусуси баргузории нишасти матбуотӣ ва маводи иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 ҷой дода шуда, Нақшаи чорабиниҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ташкил ва баргузории нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатӣ аз 15 июли соли 2024 тасдиқ карда шуд.

Инчунин даъвати Агентии хизмати давлатӣ аз 16 июли соли 2024, №05-1465 ба 36 идораҳои воситаҳои ахбори омма ҷиҳати иштирок дар нишасти матбуотӣ ирсол карда шуд.

Тибқи дархости баъзе воситаҳои ахбори омма шакли электронии гузориш оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми 2024 қаблан ба онҳо дастрас карда шуд.

Санаи 23 июли соли 2024 дар нишасти матбуотӣ мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, директор, муовинони директори Агентии хизмати давлатӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатӣ ва 24 нафар намояндагон аз 21 идораи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла Агентии миллии иттилоотии «Ховар», «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Душанбе», радиоҳои «Ховар», «Тоҷикистон», «Радиои Озодӣ», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Халқ овози», «Пайк», ҳафтаномаҳои «Паёми Душанбе», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Оила», «Азия плюс», «СССР», «Маърифати омӯзгор» ва дигарон иштирок намуданд.

Қабл аз нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷиҳати шиносоӣ бо натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар  нимсолаи якуми соли 2024 маводи иттилоотӣ дастрас карда шуд.

Дар қисми аввали нишасти матбуотӣ гузориши кӯтоҳи директори Агентии хизмати давлатӣ ба хабарнигорон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 ироа гардид. Бо назардошти қаблан дастрас гардидани фишурдаи гузориш оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 бештари вақти нишасти матбуотӣ барои саволу ҷавобҳо истифода гардид.

Дар ҷараёни нишасти матбуотии мазкур аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма ба масъалаҳои татбиқи технология кадрӣ дар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла тартиби қабул ба хизмати давлатӣ, ҷалби занон ба хизмати давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, ба ҷойивазкунӣ (ротатсия) фаро гирифтани хизматчиёни давлатӣ, сабабҳои зиёд будани ҷойҳои холӣ дар хизмати давлатӣ, махсусан дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҳолати донистани забонҳои хориҷӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ, амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар мақомоти давлатӣ, назорати сомонаҳои мақомоти давлатӣ ва ғайраҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Ба саволҳои хабарнигорон дар робита ба масоили зикргардида посухҳои мушаххас дода шуд.

  

  Агентии хизмати давлатии нази

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон