Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168 сомонӣ.
  2. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушдӣ иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779 сомонӣ.
  4. Мутахассиси шуъбаи рушдӣ иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оила – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779 сомонӣ.
  7. Мутахассис пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбари бахши дин ва танзими ҷашну маросим – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779 сомонӣ.
  9. Мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбари бахши бойгонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459 сомонӣ.
  11. Мутахассиси пешбари бахши фарҳанг – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459 сомонӣ.
  12. Мутахассиси пешбари бахши иқтисод, савдо ва мониторинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459 сомонӣ.
  13. Мутахассиси пешбари ҷамоати деҳоти Тавилдара – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1695 сомонӣ.
  14. Мутахассиси ҷамоати деҳоти Тавилдара – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2223 сомонӣ.
  15. Сармутахассис-заминсозӣ ҷамоати деҳоти Чилдара – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2071 сомонӣ.
  16. Сармутахассиси танзим ва ҷашну маросими ҷамоати деҳоти Чилдара – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2071 сомонӣ.
  17. Мутахассиси пешбари ҷамоати деҳоти Чилдара – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1695 сомонӣ.
  18. Мутахассиси ҷамоати деҳоти Чилдара – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1390 сомонӣ.
  19. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и ҷамоати деҳоти Заршӯён – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2071,10 сомонӣ.
  20. Нозири мизи ҳарбӣ- бақайдгирии ҷамоати деҳоти Заршӯён – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1695,80 сомонӣ.
  21. Мутахассиси ҷамоати деҳоти Заршӯён – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1390 сомонӣ.
  22. Сармутахассис-заминсозӣ ҷамоати деҳоти Ваҳдат – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2071,10 сомонӣ.
  23. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и ҷамоати деҳоти Ваҳдат – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2071,10 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ

  • Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ);

- 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба номи роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Ноҳияи Сангвор,

Телефонҳо барои тамос: (8-3156) 22-1-21, 22-3-34, 918-24-06-34,  

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Сангвор муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.