Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахасссиси Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1809,60 сомонӣ.
  2. Сармутахасссиси бахши кор бо соҳибкорони инфиродии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1809,60 сомонӣ.
  3. Сармутахасссиси шуъбаи баҳисобгири кор бо соҳибкорони инфиродӣ Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1809,60 сомонӣ.
  4. Сармутахасссиси шуъбаи иҷроиши буҷет, баҳисобгирии муҳосибӣ ва хизматрасонии маъмурию хоҷагидорӣ Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2204,00 сомонӣ.
  5. Мутахасссиси Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,60 сомонӣ.
  6. Мутахасссиси пешбари бахши кор бо соҳибкоронӣ инфиродии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1484,80 сомонӣ.
  7. Мутахасссиси бахши кор бо соҳибкоронӣ инфиродии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ.
  8. Мутахасссиси пешбари шуъбаи баҳисобгирии кор бо соҳибкорони инфиродии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1484,80 сомонӣ.
  9. Мутахасссиси пешбари шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ш. Шоҳин- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1484,80 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

  • таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

  • таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

  • таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
 - тарҷумаи ҳол;
 - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
 - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
 - маълумотномаи тиббӣ (038 УЕ);

  - нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

 - эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;

 - нусхаи шиноснома;

    - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
    - маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ
    - маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ.

 

Дар озмун ба довталабоне, ки дорои сифатҳои

касбии зерин мебошанд, афзалият дода мешавад:

- доштани донишу малакаи касбӣ;
- доштани одобу ахлоқи шоиста;
- донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ғайра);
- маҳорати озодона кор кардан бо техлоногияи муосир;
- доштани қобилияти ташкилотчигӣ ва ташаббускорӣ;
- доштани дониши сиёсӣ ва назариявӣ.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

   Шаҳри Кӯлоб, кучаи Абдураҳмонов А. №12

Телефон барои тамос: 2-47-13

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.