Рейтинг:  3 / 5

Звезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич
соли 1963 таваллуд шудааст.

Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси сохтори давлатӣ ва ҳуқуқ хатм намудааст. Солҳои 1982 - 1984 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС хизмат намудааст. Аз соли 1991 то 2001 дар вазифаҳои гуногуни мақомоти прокуратура (ёрдамчии прокурори ноҳияи Восеъ, муфаттиши прокуратураи ноҳияи Восеъ, муфаттиш ва сармуфаттиши корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон) кор кардааст. Минбаъд дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст:

  • солҳои 2001- 2007 - мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • солҳои 2007 - 2008 - сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;
  • солҳои 2008 - 2009 - сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • солҳои 2010 - 2014 - Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ – Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • солҳои 2014 - 19.06. 2015 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2015, №506 директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Бо ордени «Шараф» ва «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонда шудааст.
Оиладор, падари 3 фарзанд мебошад.

 
 

Муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қосимзода Гурез Ҷӯрахон
13 декабри соли 1960 таваллуд шудааст.

Соли 1983 филиали Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппаро (рӯзона) бо ихтисоси омӯзгор ва соли 2012 Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистонро (ғоибона) бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуда, дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст:

  • солҳои 1983-1986 дар вазифаи муаллими забон ва адабиёти руси мактаби миёнаи №11-и, ноҳияи Вахш;
  • солҳои 1986-1989 баҳисобгирандаи шуъбаи мактубҳои редаксияи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа»;
  • соли 1989 - мухбири рӯзномаи ноҳиявии «Вахш»;
  • солҳои 1989-1990-мудири шуъбаи кишоварзии рӯзномаи «Вахш»;
  • солҳои 1990-1993-мухбири рӯзномаи вилоятии «Навиди Вахш»;
  • соли 1993 - муҳаррири рӯзномаи «Вахш»;
  • солҳои 1993-1995-муҳаррири калони телевизиони кумитаи телеви-зион ва радиои вилояти Хатлон;
  • соли 1995-ҷонишини мудири шуъбаи фарҳанги шӯрои Иттифоқи ҷавонони вилояти Хатлон, ҷонишин-мудири шуъбаи фарҳанг ва иттилооти Иттифоқи ҷавонони вилоят;
  • солҳои 1994-1995-мухбири «Садои Мардум» дар вилояти Хатлон.
  • солҳои 1995-1996-мудири сектори дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғон-теппа;
  • солҳои 1996-1997-иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа;
  • солҳои 1997-1998-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа;
  • cолҳои 1998-2001-сармутахассиси шуъбаи сиёсати ҷавонони Даст-гоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • солҳои 2002-2004-муовини мудири шуъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • солҳои 2004-2010-мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо;
  • солҳои 2010-2013-муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • солҳои 2013-2014-муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Аз феврали соли 2014 муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Бо медали ҷашнии «20-солагии давлатии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби як фарзанд.