PRESIDENT
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 2
4 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 3
3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди мазкур баррасӣ шуд.
Read more: Мулоқот бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 68
30 июн таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис, нахуст дар бораи Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 гузориши Султон Раҳимзода - раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шунида шуд.
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 248
28 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мулоқот бо фаъолони вилоят ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
Маросими гусели Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ, мисли лаҳзаҳои истиқболи эшон, бо шукӯҳу шаҳомат ва эҳсоси баланди сипосгузории мардуми Бадахшон доир гардид. Сокинони вилоят бо садоқат ва муҳаббати самимӣ ба Роҳбари давлат, меҳмони олимақомро дар фазои пур аз эҳтиром ва шодиву нишот гусел карданд.
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 190
28 июн дар шаҳри Хоруғ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ва натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоятро дар панҷ моҳи соли равон таҳлил намуда, барои иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои нав гузоштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати истиқболи арзандаи 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар вилоят бунёду азнавсозии 1362 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз корҳои сохтмон дар 1059 иншоот ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ ба анҷом расид, ки 78 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Read more: Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 180
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама ҳозирин ва мардуми шарифи кишварро бо санаи муҳими таърихӣ солгарди ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки мо ба ваҳдати миллӣ маҳз ба шарофати ақлу хирад ва иродаи қавии мардуми сарбаланди кишвар расидем ва он оғози марҳалаи нав дар таърихи давлатдории мо гардид.
Read more: Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 283
Ҳамватанони гиромӣ!
Бо эҳсоси ифтихор ва арҷгузории амиқ ба арзишҳои муқаддаси сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ дар Тоҷикистони маҳбубамон кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям.
Ин санаи муҳим, ки мо ба он маҳз ба шарофати ақлу хирад ва иродаи қавии мардуми сарбаланди мамлакат расидем, оғози марҳалаи нав дар таърихи давлатдории мо гардид.
Read more: Суханронӣ ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 146
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нав дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, иқдоми назаррас дар роҳи беҳтарсозии шароити зисти кормандони сохторҳои давлатӣ ва мутахассисони баландихтисоси соҳа арзёбӣ мегардад.
Read more: Ифтитоҳи бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатӣ дар шаҳри Хоруғ