Баланд бардоштани сатҳи касбии хизматчиёни давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кадрҳо ба ҳисоб рафта, Агентии хизмати давлатии назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҷиҳати ҷалби кормандони хадамоти кадрии мақомоти давлатӣ ба курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар робита ба ин, курси такмили барои роҳбарони хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯи барномаи «Татбиқи технологияҳои кадрӣ дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, ноиби якуми Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Одиназода Фирдавс Ҷалил ва муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи мазкур Сайдаҳмадзода Дилором ташкил карда шуд.
Курси мазкур давоми 46 соат аз 21 то 26 апрел соли 2025 идома ёфта, дар ҷамъбаст мизи мудаввар ташкил карда шуда, ба шунавандагон «Гувоҳнома» тақдим карда мешавад.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон