User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ зимни ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ ба такмили донишҳои хизматчиёни давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Таҳсили хизматчиёни давлатӣ мувофиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар шакли тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ сурат мегирад.

Бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ курси такмили ихтисос барои сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони сохторҳои маҳаллии иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз руйи барномаи «Сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ҷалби 75 нафар аз 3 март оғоз гардида, то 7 марти соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад.

Дар робита ба ин курси мазкур бо иштироки муовини якуми Вазири рушди иқтисод  ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид, намояндаи мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ-сардори шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентии хизмати давлатӣ Кенҷазода Мирзо Анвар ва ноиби якуми Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Одиназода Фирдавс Ҷалил ифтитоҳ карда шуда, ба шунавандагон ҷиҳати такмил додани донишҳои касбӣ дар доираи баргузории курси мазкур тавсияҳо дода шуд.

Хотирасон менамоем, ки аз натиҷаи хатми курси мазкур мизи мудаввар ташкил карда шуда, ба шунавандагон «Гувоҳнома» тақдим карда мешавад.