User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Агентии хизмати давлатӣ санаи 08 феврали соли 2025 дар доираи татбиқи «Барномаи миллии «Кишвари сабз» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», ки  тибқи он дар канори роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 5 миллион бех ниҳол, аз ҷумла сафедор ва дигар дарахтони ороишии сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шаванд, маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор намуд.

Тибқи барномаи мазкур ва нақшаи муайянгардида дар хиёбони Айни 255 шаҳри Душанбе бо ҷалби 31 нафар кормандон ва ҳайати роҳбарикунандаи Агентӣ, 120 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафкани арча шинонида, гирду атрофашон тоза, нарм, тахту ҳамвор ва обёрӣ карда шуданд.

Татбиқи барномаи мазкур ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат намуда, яке аз иқдоми амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 мебошад.

Вобаста ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як санади муҳим дар ин самт – «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро қабул намуд. Тадбирҳое, ки ин барнома пешбинӣ мекунад, ба коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ, барқарор кардани ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳ доштани тавозуни устувори табиӣ ва мутобиқ шудан ба равандҳои тағйирёбии иқлим нигаронида шудаанд.

Дар ҷамъбасти маъракаи ниҳолшинонӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, таъкид сохтаанд, ки ин иқдом бояд мунтазам идома дода шавад.