User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 8 январи соли равон дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардида, дар кори он аъзои ҳайати мушовара, Давлатов Ҷ.М. - директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қувватзода С.З. – мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Ҳ.Ҷ. - муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Одиназода Ф.Ҷ. – ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони шуъбаҳо ва дигар кормандони Агентии хизмати давлатӣ иштирок намуданд.

         Дар рафти ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2025 ва лоиҳаи Нақшаи кори Агентии хизмати давлатӣ барои нимсолаи якуми соли 2025 баррасӣ гардиданд.

         Аз рӯйи масъалаи якум гузориши муовини директори Агентии хизмати давлатӣ – Қурбонзода Ҳ.Ҷ. пешниҳод карда шуд.

         Зимни маърӯза қайд гардид, ки тибқи таҳлилҳои Агентии хизмати давлатӣ ба ҳолати 1 январи соли 2025 дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот теъдоди умумии воҳидҳои корӣ 22377 ададро ташкил дода, теъдоди хизматчиёни давлатии амалкунанда 18801 нафар (84,1 фоиз) ва шумораи ҷойҳои холӣ 3576 адад (15,9 фоиз) мебошад. Аз ин шумора дар мақомоти марказӣ 12248 нафар (занон 3092 нафар ё 25,2 фоиз), мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 3553 нафар (занон 1096 нафар ё 30,8 фоиз) ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 3000 нафар (занон 661 нафар ё 22,0 фоиз) фаъолият доранд.

Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмўъ 4849 нафар ё 25,8 фоизро ташкил дода, аз 5955 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1146 нафар ё 19,2 фоиз занони роҳбар мебошанд. Теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 280 нафар афзоиш дода шудааст. Дар мансабҳои роҳбарикунанда бошад, теъдоди занони роҳбар низ нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 14 нафар афзудааст.

Инчунин теъдоди ҷавонони то 35-сола 9394 нафар (49,9 фоиз)-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 567 нафар зиёд мебошад. Дар мансабҳои роҳбарикунанда  теъдоди  ҷавонони то 35–сола 1717 нафар (28,8 фоиз) буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 120 нафар афзоиш дода шудааст.

Ҳамчунин дар соли 2024 тибқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647) масъулини Агентии хизмати давлатӣ дар 491 (мақомоти марказӣ-195 ва мақомоти маҳаллӣ-296) (соли 2023-419) ҷаласаи комиссияҳои озмунии мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.

Дар ин давра барои ишғоли 11115 (соли 2023-8376) мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон гардида, барои ишғоли 4737 (соли 2023-3847)  мансаби холӣ бо иштироки 6383 (соли 2023-4919) нафар, аз он зан 1560 (соли 2023-1210) нафар довталаб озмун гузаронида шуда, 4173 (соли 2023-3211) нафар, аз он зан 1155 (соли 2023-872) нафар довталаб барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд.

Инчунин дар соли 2024 аз шумораи 18801 нафар хизматчиёни давлатии фаъолияткунанда 14546 нафар ё 77,3 фоизи онҳо ба баҳодиҳӣ фаро гирифта шуданд.

Дар давоми соли 2024 кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатӣ дар 170 (мақомоти марказӣ-73 ва мақомоти маҳаллӣ-97) ҷаласаи комиссияҳои аттестатсионии мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.

Тибқи хулосаҳои комиссияи аттестатсионӣ аз 3251 (зан-657) нафар хизматчиёни давлатии ба аттестатсия фаро гирифташуда 3053 нафар, аз он зан-633 (соли 2023-3093, зан-609) нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ карда шуданд. Аз ин ҳайат 64 нафар, аз он зан-17 (соли 2023-53, зан-6) нафар барои ба мансаби баландтар таъин намудан, 82 нафар, аз он зан-19 (соли 2023-83, зан-14) нафар барои дохил кардан ба захираи кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ, 72 нафар, аз он зан-9 (соли 2023-136, зан-31) нафар барои пеш аз муҳлат додани рутбаи тахассусии навбатӣ тавсия гирифтанд.

Дар як вақт тибқи хулосаҳои комиссияҳои аттестатсионӣ 198 (зан-24) нафар (соли 2023-202, зан-21) ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ карда шуданд. Аз ин ҳайат ба 138 (зан-21) нафар (2023-186 аз он зан-15) барои такмили ихтисос, ба 12 (зан-1) нафар (2023-1 нафар, зан-0) барои азнавтайёркунӣ, ба 10 (зан-2) нафар (2023-6 нафар, аз он зан-2) барои ба мансаби пасттар гузаронидан ва ба 38 (зан-0) нафар (соли 2023-9, зан-4) барои аз мансаб озод кардан тавсия дода шудаанд.

Ҳамзамон Агентии хизмати давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид», дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақшаҳои кори Агентии хизмати давлатӣ барои нимсолаи якум ва дуюми соли 2024 як қатор чорабиниҳои фарҳангию тантанавӣ аз қабили Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 феврали соли 2024), «Иди байналмилалии Наврўз-2024» (19 марти соли 2024), Рўзи байналмилалии хизмати давлатӣ (21 июни соли 2024), 27-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ (26 июни соли 2024), 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 сентябри соли 2024), Рўзи забони давлатӣ (2 октябри соли 2024), ҳамоиши ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ (30 октябри соли 2024), 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1 ноябри соли 2024), Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (14 ноябри соли 2024), Рўзи Парчами давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   (20 ноябри соли 2024)  ва   Рўзи ҳуқуқи инсон (6 декабри соли 2024) баргузор намуд.

Дар чорабиниҳои мазкур роҳбарони вазорату идораҳо, олимону коршиносон, собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ, кормандони Агентии хизмати давлатӣ, магистрантони магистратураи яксолаи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», хизматчиёни давлатӣ - шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси дахлдори Академияи идоракунии давлатӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷалб карда шудаанд.

Ҳамзамон дар рафти гузориш қайд карда шуд, ки дар соли 2024 дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ 39 курси таълимӣ, аз ҷумла 3 курси азнавтайёркунӣ, 34 курси такмили ихтисос ва 2 курси таҷрибаомўзӣ доир карда шуда, 2118 (зан-688) нафар хизматчии давлатӣ ба таълими иловагӣ фаро гирифта шудаанд.

         Сардори шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентии хизмати давлатӣ Кенҷазода М.А. дар бораи лоиҳаи Нақшаи кори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2025 (масъалаи дуюм) маърӯза намуда, лоиҳаи нақшаи мазкур барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.

         Инчунин дар ҷамъбасти ҷаласа директори Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла дар самти риояи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, пурра намудани ҷойҳои холӣ, беҳтар кардани сифати баргузории озмунҳо ва аттестатсияҳо дар мақомоти давлатӣ, ҷалби бонувони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ, такмили барномаҳои таълимии курсҳои омӯзишии хизматчиёни давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

         Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои иҷро пешниҳод карда шуданд.

 

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон