Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шўрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026 (амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2023, №АП-350) ба Агентии хизмати давлатӣ аз 4 апрели соли 2023, №7 ворид гардида, бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 1 майи соли 2023, №91 Нақшаи чорабиниҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи бандҳои дахлдори Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шўрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026, иборат аз 6 банд тасдиқ ва иҷрои бандҳои он идома дорад.
Ҳолати иҷрои Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шўрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026 дар нимсолаи якуми соли 2024 дар сатҳи зерин қарор дорад.
Вобаста ба зербанди 8-и банди 2 Нақша (гузаронидани «Ҳафтаи ҳуқуқи инсон» дар Агентии хизмати давлатӣ)
Бояд қайд намуд, ки 10 декабри соли 1948 аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Мутаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар шаҳри Парижи Фаронса қабул гардидааст. Вобаста ба қабули Эъломияи мазкур ҳамасола санаи 10 декабр аз ҷониби давлатҳои узви Созмони Милали Мутаҳид ҳамчун «Рўзи ҳуқуқи инсон» ҷашн гирифта мешавад. Агентии хизмати давлатӣ ба нақша гирифтааст, ки вобаста ба таҷлили ҷашни мазкур дар моҳи декабри соли 2024 «Ҳафтаи ҳуқуқи инсон дар Агентии хизмати давлатӣ» баргузор намояд.
Вобаста ба зербанди 9-и банди 2 Нақша (нашри мунтазами маълумотҳо оид ба самти ҳуқуқи инсон дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ)
Барои баланд бардоштани донишҳои хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ саҳифаҳои «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Китобхона», «Консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо», «Робитаҳои байналмилалӣ», «Муроҷиатномаҳо», саҳифаи «Озмун» ҷиҳати сари вақт дастрас намудани маълумот оид ба ҷойҳои холӣ дар мақомоти давлатӣ фаъол мебошанд.
Мувофиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд, ки ин аз моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Дар робита ба ин ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва хизматчиёни давлатӣ зимни баргузории озмунҳо барои ҷойҳои холӣ, болоравии мансабӣ, такмили ихтисос, ҳифзи иҷтимоии онҳо таҳти назорати доимии Агентии хизмати давлатӣ қарор дорад.
Мувофиқи банди 10 Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 (бо тағйиру иловаҳо аз 19 апрели соли 2017, №869, аз 18 феврали соли 2020, №1458, аз 1 апрели соли 2023, №544) тасдиқ карда шудааст, яке аз принсипҳои асосии гузаронидани озмун ин таъмини баробарҳуқуқии довталабон ҳангоми баргузории озмун мебошад.
Матни эълони озмунҳо дар нашрияҳои мақомоти давлатӣ интишор, дар сомонаҳои мақомоти давлатӣ ва сомонаи Агентии хизмати давлатӣ бо нишонаи www.ahd.tj ҷойгир карда мешаванд.
Ҳамчунин аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ зимни баррасии муроҷиатҳои шифоӣ ва хаттии шаҳрвандон ва хизматчиёни давлатӣ вобаста ба масъалаҳои озмун ҳуқуқҳои онҳо фаҳмонида мешавад.
Дар нимсолаи якуми соли 2024 тибқи Низомнома мазкур масъулини Агентии хизмати давлатӣ дар 203 (мақомоти марказӣ-78 ва мақомоти маҳаллӣ-125) (соли 2023-229) ҷаласаи комиссияҳои озмуни мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Дар ин давра барои ишғоли 2061 мансаби холӣ бо иштироки 2656 нафар, аз он зан 655 нафар довталаб озмун гузаронида шуда, 1837 нафар, аз он зан 543 нафар довталаб барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд.
Аз 1837 нафари ба мансабҳо таъингардида 1256 нафар ҷавонони то 35 - сола мебошанд.
Довталабони бори аввал ба хизмати давлатӣ таъиншуда, ки нисбати онҳо талаботи банди 37 Низомномаи мазкур 3 холӣ иловагӣ пешбинӣ карда шудааст, 336 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он занон 222 нафар ва ҷавонони хизмати ҳарбиро адонамуда 114 нафар мебошанд.
Бо мақсади амалӣ намудани тарғиби оммавии зиддикоррупсионӣ тавассути воситаҳои ахбори омма, матбуоти даврӣ ва шабакаи интернет дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ дар гўшаи «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи идоравии зиддикоррупсионии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 20 декабри соли 2021, №282 тасдиқ гардидааст, ҷой дода шудаанд.
Ҳамчунин дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ китоби электронии «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ» бо фарогирии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 қонун, 1 қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 14 фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 6 фармоиши Агентии хизмати давлатӣ, ҷамъ 51 адад санади меъёрии ҳуқуқӣ барои истифодаи мақомоти давлатӣ, хадамоти кадрӣ ва хизматичиёни давлатӣ ҷойгир карда шудааст.
Ба ғайр аз ин Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи садоӣ (аудиоӣ) сабт карда шуда, дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ ҷойгир карда шудааст.
Ҳамчунин аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ номгўйи саволҳо доир ба ҳуқуқи инсон, ки ҳангоми гузаронидани аттестатсияҳои хизматчиёни давлатӣ ва озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии мақомоти давлатӣ ҷиҳати истифода тавсия дода мешаванд, таҳия гардида, ба ҳамаи вазорату идораҳо барои истифода ирсол карда шудааст.
Номгўйи мазкур якҷо бо ҷавоби онҳо ҷиҳати дастрас намудани маълумот ба хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ (www.ahd.tj) ҷойгир карда шудааст.
Бо мақсади таҷлили Рўзи байналмилалии хизмати давлатӣ ва бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 санаи 21 июни соли 2024 конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори хизмати давлатии муосири Тоҷикистон» бо иштироки фаъолон ва собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ, магистрантон-хизматчиёни давлатии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ва намояндагони вазорату идораҳо баргузор карда шуда, рафти он тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ инъикос карда шуд.
Ҳамзамон вобаста ба ташаккули хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон бахшида ба Рўзи хизмати давлатии давлатҳои СММ мулоҳизаҳои директори Агентии хизмати давлатӣ дар сомонаи расмии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва сомонаи Агентии хизмати давлатӣ нашр карда шуд.
Теъдоди хонандагони сомонаи Агентии хизмати давлатӣ дар охири моҳи июни соли 2024 зиёда аз 92000 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон дар ин давра дар сомонаи иҷтимоии фейсбук саҳифаи Агентии хизмати давлатӣ ба истифода дода шуда, шумораи бинанда ва хонандаи он зиёда аз 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.
Вобаста ба зербанди 2-и банди 7 Нақша (таҳлили қонунгузорӣ ва амалия бо мақсади таҳкими таъмини бештари иштироки занон дар хизмати давлатӣ)
Бо мақсади таъмини баробарии гендерӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам такмил дода шуда, марҳила ба марҳила стратегияҳо, консепсия ва барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати давлатӣ таҳия, қабул ва амалӣ карда мешаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2020 ва Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 масъалаи иштироки занонро дар хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ муҳим арзёбӣ намуда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба хизматӣ давлатӣ ва вазифаҳои роҳбарикунанда ва амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд қабули «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030»-ро масъалагузорӣ намуданд.
Бо мақсади амалӣ намудани дастури мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204 «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030» таҳия карда шуд.
Ҳамзамон бо мақсади таҳким бахшидани саҳми занон дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби бештари занону духтарони лаёқатманд ба хизмати давлатии шаҳрвандӣ аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
Масъалаи ҷалби занону духтарон ба хизмати давлатӣ ҳамасола, аз ҷумла 12 апрели соли 2022, 29 марти соли 2023 ва 28 марти соли 2024 дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи баррасӣ қарорҳои ҳайати мушовари Агентии хизмати давлатӣ қабул ва он барои чораҷўӣ ба мақомоти давлатӣ фиристода шудаанд.
Тибқи қарори ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатӣ аз 8 апрели соли 2024, №4 масъалагузорӣ гардид, ки мақомоти давлатӣ дар давоми соли 2024 ва фаъолияти минбаъда бо истифода аз татбиқи технологияҳои кадрӣ, аз ҷумла, ҳангоми баргузории озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холӣ, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, истифодаи захираи кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ ва таъин бо розигии тарафи дигар ҷиҳати афзоиш додани теъдоди занон то ба 30 фоиз ва дар ҳайати роҳбарикунанда то ба 25 фоиз тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.
Муайян карда шуд, ки татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар мақомоти давлатӣ роҳандозӣ гардида, ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 7 нафар роҳбарони аввал ва 26 нафар муовинони роҳбарони вазорату идораҳо, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 5 нафар раисон ва 61 нафар муовини раисони шаҳру ноҳияҳо, дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 51 нафар раисон ва 103 нафар муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот аз ҳисоби занон фаъолият доранд.
Аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ маълумотҳои соҳаи хизмати давлатии шаҳрвандӣ, аз ҷумла, вобаста ба масъалаи ҷалби занон ба хизмати давлатӣ ҳар семоҳа дархост, таҳлил ва ҷамъбаст гардида, натиҷаҳои он мавриди чораҷўӣ қарор дода мешаванд.
Ба ҳолати 1 июли соли 2024 аз шумораи 18384 нафар хизматчиёни давлатии амалкунанда 4655 нафар ё 25,3 фоизро занон ташкил медиҳанд, ки ин шумора нисбат ба 1 апрели соли 2024 89 нафар зиёд шудааст.
Дар мансабҳои роҳбарикунанда бошад, теъдоди занони роҳбар 1211 нафар ё 20,4 фоиз буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 68 нафар ва нисбат ба 1 апрели соли 2024 64 нафар зиёд шудааст.
Теъдоди хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон дар мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 24,7 фоиз, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 31,0 фоиз ва дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 20,9 фоизро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, теъдоди занон дар Кумитаи кор бо занон ва оила 94,7 фоиз, Саридораи бойгонӣ 72,7 фоиз, Вазорати мудофиа (дар қисми хизмати давлатии шаҳрвандӣ) 57,6 фоиз, Вазорати адлия 53,9 фоиз, дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 46,7 фоиз, Кумитаи телевизион ва радио 42,3 фоиз, Вазорати фарҳанг 44,2 фоиз, Хадамоти алоқа 42,8 фоиз, Агентии омор 41,6 фоиз, Агентии хизмати давлатӣ 40,8 фоиз, Кумитаи рушди сайёҳӣ 38,4 фоиз, Саридораи геология 38,0 фоиз, Вазорати маориф ва илм 36,7 фоиз, Прокуратураи генералӣ (дар қисми хизмати давлатии шаҳрвандӣ) 36,6 фоиз, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 36,4 фоиз, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 35,1 фоиз, Кумитаи забон ва истилоҳот, Агентии захираҳои моддии давлатӣ 33,3 фоизӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 33,0 фоиз, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 30,0 фоиз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ 40,0 фоиз, вилояти Суғд 37,5 фоиз, шаҳру ноҳияҳои Хоруғ 69,0 фоиз, Бустон 57,5 фоиз, Шуғнон 52,0 фоиз, Рушон 50,6 фоиз, Гулистон 50,0 фоиз, Истиқлол 47,3 фоиз, Бобоҷон Ғафуров 45,9 фоиз, Левакант 44,8 фоиз, Мурғоб 43,6 фоиз, Хуҷанд 42,8 фоиз, Роштқалъа 41,5 фоиз, Норак 40,8 фоиз, Шаҳринав 39,0 фоиз, Исфара 37,5 фоиз, Спитамен 34,7 фоиз, Конибодом 33,7 фоиз, Ҷаббор Расулов 32,5 фоиз, Истаравшан 32,3 фоиз, Ашт 31,1 фоиз, Фирдавсӣ 30,9 фоиз, Шамсиддини Шоҳин 30,8 фоизро ташкил медиҳад.
Дар асоси таҳлилҳои гузаронидашуда маълум гардид, ки теъдоди занон нисбат ба 1 апрели соли 2024 дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 17 нафар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 12 нафар, Кумитаи ҳифзи муҳити зист 8 нафар, Дастгоҳи Суди Олӣ 7 нафар, Дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ 6 нафар, Вазорати мудофиа (дар қисми хизмати давлатии шаҳрвандӣ) 5 нафар ва дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Хоруғ 7 нафар, Спитамен, Рашт 6 нафарӣ, Мӯъминобод, Левакант, Ҳисор 5 нафарӣ ва дар 46 вазорату идораҳо аз 1 то 4 нафарӣ зиёд шудааст.
Таҳлили Агентии хизмати давлатӣ аз натиҷаи нимсолаи якуми соли 2024 нишон медиҳад, ки ҷалби занон ба хизмати давлатӣ майл ба афзоиш дорад.
Дар як вақт ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар 32 мақомоти марказӣ, 23 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, 12 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 7 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, 3 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 4 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, ҷамъ дар 81 мақомоти давлатӣ дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи то 30 фоиз расонидани теъдоди занон таъмин карда нашудааст.
Яке аз роҳҳои қабули бонувон ба хизмати давлатӣ озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ ба шумор меравад. Дар давоми нимсолаи якуми соли 2024 барои ишғоли 5158 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон гардида, ба 2061 мансаби холӣ бо иштироки 2656 нафар, аз он зан-655 нафар довталаб озмун гузаронида шуда, 1837 нафар, аз он зан-543 нафар довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд.
Ҳамчунин мувофиқи талаботи банди 37 Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647) барои заноне, ки бори аввал ба хизмати давлатӣ дохил мешаванд, се холи илова ҳамчун имтиёз пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи меъёри мазкур дар нимсолаи якуми соли 2024 теъдоди 222 нафар аз ҳисоби занон ба хизмати давлатӣ қабул карда шудаанд.
Дар як вақт тибқи тавсияҳои комиссияҳои аттестатсионии мақомоти давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 254 нафар занон ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ карда шуда, аз ин ҳайат 5 нафар барои ба мансаби баландтар таъин намудан, 5 нафар барои дохил кардан ба захираи кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ ва 3 нафар барои пеш аз муҳлат додани рутбаи тахассусии навбатӣ тавсия гирифтанд.
Ҳамчунин ҷиҳати болоравии мансабӣ, таъин намудани занон ба мансабҳои роҳбарикунанда дар хизмати давлатӣ захираи кадрҳои роҳбарикунанда амалӣ карда мешавад.
Ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар мақомоти давлатӣ 2562 мансаби захирашаванда мавҷуд буда, ба Агентии хизмати давлатӣ барои 1594 мансаб мансабҳои захирашаванда 3274 нафар кадрҳо пешниҳод гардид, ки 793 ё 24,2 фоизи онҳо занон мебошанд.
Аз ҷумла, барои ишғоли мансабҳои сиёсӣ - 37 нафар, категорияи олӣ - 231 нафар, категорияи якум - 147 нафар, категорияи дуюм - 99 нафар ва категорияи сеюм - 279 нафар кадрҳои захира аз ҳисоби занон пешниҳод карда шудааст.
Тибқи маълумотҳо аз ҳисоби ҳайати захираи кадрҳои мақомоти давлатӣ дар соли 2018 10 нафар, соли 2019 11 нафар, соли 2020 13 нафар, соли 2021 19 нафар, соли 2022 37 нафар, соли 2023 23 нафар ва дар нимсолаи якуми соли 2024 5 нафар занон ба мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ таъин карда шудаанд.
Фаъолияти минбаъдаи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шўрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026 идома ва тақвият дода мешавад.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон