User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

 

Кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фавти Низорамо Зарипова ходими шаҳири давлатӣ сахт андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.

Низорамоҳ Зарипова соли 1941 Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Аз соли 1946 узви Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Низорамоҳ Зарипова дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ ифои вазифа намудааст. Аз ҷумла, мудири шуъбаи кадрҳои Комиҷрояи Кӯлоб (1941—1945), мудири шуъбаи мактабҳои Комитети комсомолии вилояти Кӯлоб (1945—1947), мудири шуъбаи занони Комитети ҳизбии вилояти Кӯлоб (1947—1952), мудири шуъбаи занони КМ ҲК Тоҷикистон. Аз соли 1966 то соли 1986 муовини раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ хамткардаи Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ мебошад. Вакили Съезди XXII ҲКИШ, узви Пленуми Комитети занони Иттиҳоди Шӯравӣ, узви Шӯрои Федератсияи байналмилалии занон буд.

Низорамоҳ Зарипова вакили Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 5-6) ва вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 4, 6, 8, 9) буд. Бо ду ордени Ленин, 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени Нишони Фахрӣ, 3 медал ва ифтихорномаҳои Раёсатҳои Шӯрои Олии ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст.

Номбурда яке аз шахсиятҳои барҷастаи сиёсии замони шӯравӣ ва даврони соҳибистиқлоли тоҷик буда, дар мансабҳои роҳбрикунандаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Номи неки  Низорамоҳ Зарипова дар дилу хотираи хизматчиёни давлатӣ ба ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд.

 

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон