Дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва масъули хизматчиёни давлатӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, душвор ва падидаҳои бӯҳрониро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба осонӣ ҳал кунанд.
Дар робита ба ин бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» қабул гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Аз ҷумла, бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 18 апрели соли 2024, №92 «Дар бораи ташкили курсҳои омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Агентии хизмати давлатӣ» содир карда шуда, барои кормандони дастгоҳи марказӣ ва шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ курсҳои омўзишӣ дар 6 гурўҳ (3 гурўҳи омўзиши забони русӣ ва 3 гурўҳи омўзиши забони англисӣ) ташкил карда шуд.
Сатҳи донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисии кормандони Агентии хизмати давлатӣ аз ҷониби омӯзгорони касбии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода муайян карда шуда, дар даври аввал 30 нафар кормандони Агентии хизмати давлатӣ ба муҳлати 4 моҳу 15 рўз ба омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ фаро гирифта шуданд.
Аз онҳо 20 нафар сатҳи А1 ва 10 нафар сатҳи А2-и забони англисиро хатм намуда, санаи 28 ноябри соли 2024 соҳиби санадҳои хатм гардиданд.
Ҳамчунин даври аввали хатми омўзиши забони русӣ идома дошта, давраҳои минбаъдаи омўзиши забони англисӣ барои кормандон дар Агентии хизмати давлатӣ оғоз мегардад.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон