User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

«Мо баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар давраи ниҳоят вазнину ҳассоси ҳаёти халқамон бо истифода аз таҷрибаи ниёгони шарафмандамон парчами давлати худро интихоб ва қабул кардем, ки он мардуми моро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ сафарбар намуд».

                              Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,    

                          Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

          

Ҳар як кишвари олам, ки дар рўи замин вуҷуд дорад, соҳиби  Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст, яъне ин муқаддасотҳо нишонаҳои фарқкунандаи давлатҳоянд, рамзи давлати соҳибистиқлол ё халқҳо ба ҳисоб мераванд.

Рамзҳои давлатӣ таърихи хеле қадима дошта, мавҷудияти онҳо ба оғози таърихи давлатдорӣ рост меояд.

Дар таърихи муҳорибаҳои ҳарбӣ бошад, ҳангоми набард бо душман лашкаркашон зери парчам гирд меомаданд ва ҷилвагарии парчам нишони ғалаба  буд. 

Аз ин рў, шаҳрвандон ба Парчам ҳамчун муқаддасот, арҷгузорӣ менамоянд. Ҳангоми қабули Савганд Парчам ва Нишони давлатӣ гузошта мешавад.

Эътибори Парчам дар дохили кишвар ва берун аз он ҳифз карда шуда, таҳқири он таҳқири давлат ва миллат маҳсуб меёбад.

Аз қадимулаём тоҷикон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар давраҳои давлатдории хеш соҳиби Парчам буданд.

Аз ин рӯ, Парчам дар таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақоми арзандаро доро буда, як ҷузъи муҳими таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба шумор рафта, ҳамчун ливои озодӣ ҳанўз то  густариши ислом дар байни аҷдодони тоҷикон маълуму машҳур буд.

Ба иттилои муҳаққиқон, агар пайдоиши давлати Каёниён ба зиёда аз 4 ҳазор сол пеш рост омада бошад, Дирафши ковиёнӣ марҳилае то давраи Авестоиро низ дар бар мегирад. Бинобар ин, метавон гуфт, ки ориёиён аввалин парчамдорони олам буданд.

Ғояи парчам чун рамзи давлатдорӣ ҳанӯз дар «Авесто» дарҷ гардида, сарчашмаи дигаре, ки дар бораи Дирафши ковиёнӣ маълумот додааст, «Шоҳномаи»-и Абулқосим Фирдавсӣ аст ва дар ин асар дирафш чун рамзи озодӣ, адолат ва пирўзии некӣ бар бадӣ ситоиш мешавад.

Дар давраҳои гуногуни давлатдории ориётаборон порчаи чармини Коваи оҳангар ҳамчун Дирафши ковиёнӣ бо сангҳои қиматбаҳо оро дода шуда, дар он ситорае акс ёфтааст, ки ба чор тараф нур мепошад. Ҳар як шоҳи ориёӣ худро вазифадор мешуморид, ки ба сангҳои қиматбаҳои дирафши салтанати худ чизеро ҳамчун нишона зам намояд.

Дирафш ва парчам дар давлатдории Ҳахоманишиҳо зиёд истифода мешуд. Онҳо иловатан ба Дирафши ковиёнӣ тасвири уқобро ҳамчун аломати қудрату тавоноӣ ҷой дода, ба он ситораеро ворид намудаанд, ки ба чор тараф шуълапошӣ мекард ва он нишонаи ҳокимияти давлатӣ буд.

Дирафш аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, равшанӣ додан ва тобидан сохта шуда, маънои парчамро ифода мекунад. Тарҳи Дирафши ковиёнӣ дар ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардидааст ва нишонаи таърихии рамзӣ буда, аз фарҳанги давлатдорӣ ва анъанаҳои аҷдоду арбоби гузаштаи мо ҳамчун мерос боқӣ мондааст.

Сулолаи Сосониён (солҳои 224-651), ки эҳёгари суннатҳои давлатдории ориёӣ буданд, «Дирафши ковиёнӣ»-ро ҳамчун парчами шоҳон истифода мебурданд. Дар он нишони ситораи ба чор тараф нурпошанда бо сурати уқоби тиллоии болҳояш боз ва бо ҳар як панҷаи худ кураи тиллоиро доштаистода акс ёфта буд.

Ҳамчунон, ки таърихнигорон дарҷ намуданд, аломатҳое, ки дар Дирафши ковиёнӣ ва парчамҳои давлатҳои ориёӣ тасвир шуда буданд, аз ҷониби дигар миллатҳо пайравӣ ёфтанд.

           Ба таърихи давлатдории тоҷикон ва аҷдодони тоҷикон нигоҳ карда, мо чунин силсилаи дирафшу ливоҳоро дида метавонем:

           Дирафши ковиёнии Пешдодиён;

           Штандарти сулолаи Ҳахоманишиён;

           Дирафши давлати Сосониён;

           Дирафши давлати Сомониён;

           Дирафши сулолаи Ғуриён;

           Парчами Аморати Бухоро;

           Байрақи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон;

           Байрақи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон;

           Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Парчам ва Нишони Тоҷикистон дар замони Шўравӣ муқаддасоте буданд, ки ҷузъи ҷудонашавандаи Парчам ва Нишони Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ маҳсуб меёфтанд.

Дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар натиҷаи авҷ гирифтани ҳаракатҳои истиқлолиятхоҳӣ  ва дар шакли такмилёфта қабул накардани Шартномаи Иттифоқи Давлатҳои Соҳибихтиёр, 24 августи соли 1990 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор дар бораи «Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон»-ро  қабул намуд, ки қадами нахустин дар ҷодаи истиқлолиятхоҳӣ буд.

Идома ёфтани муноқишаҳои миллӣ ва ба мувофиқа нарасидани ҷумҳуриҳои иттифоқӣ бо мақсади ҷорӣ намудани тартиботи конститутсионӣ Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ таъсис гардид, ки  пошхўрии ин давлати бузургро тезонид.

Воқеан,  тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, №393 «Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», истиқлолияти воқеии Тоҷикистон дар сатҳи меъёри конститутсионӣ расмӣ гардида, амалӣ шудани тадбирҳои таъсис додани Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани таклифҳо дар хусуси даровардани тағйирот ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи лоиҳаи қонунҳо, ки ба таъмини ҳуқуқии истиқлолияти Тоҷикистон нигаронида шудаанд, мутобиқ сохтани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сурат гирифтани назорати олӣ ба иҷрои дақиқ ва ягонаи қонунҳо дар ҳудуди Тоҷикистон аз тарафи Прокурори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида буданд.

Ин санадҳо аз лиҳози ҳуқуқӣ истиқлолияти комил ва пурраи кишварамонро асоснок намуда, Тоҷикистонро бо ҷаҳони озод васл карданд, ки қадами дувумин дар ҷодаи истиқлолиятхоҳӣ буд.

Дар як вақт марҳилаи мазкур метавонист заминаи хубе барои ташаккули низоми хизмати давлатии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон фароҳам оварад. Аммо дар ибтидо аз ин неъмати бузург дуруст истифода карда нашуда, кишварро мавҷи гирдиҳамоӣ, зуроварӣ ва қонуншиканиҳо фаро гирифтанд ва эҳтимолияти аз байн бурдани имконияти мустаҳкам шудани пояҳои давлати тозаистиқлоли тоҷикон ногузир буд.

Дар ҳамон давра ба ғайр аз сохторҳои мақомоти амният, корҳои дохилӣ ва комиссиариатҳои ҳарбӣ, ки ҳануз ҳам тобеи сохторҳои дахлдори Иттифоқӣ буданд, Тоҷикистон артиши худро надошт, ки манфиатҳои миллию давлатиашро ҳифз намояд.

Ҳодисаҳои дар кишвар оғозгардида мебоист роҳбарияти олии ҳамонвақтаи кишварро водор менамуд, ки ҳарчи зудтар ҷиҳати таъсиси Артиши миллӣ шурўъ намоянд. Аммо иқдомҳои дар ин ҷода андешидашуда далели нокифоягии қадамҳои ҷиддӣ дар ин самт буданд.

Гарчанде дар ҳайати Ҳукумати муросои миллӣ (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 майи соли 1992, №98 таъсис ёфта буд), Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи амнияти миллӣ ва Кумитаи мудофиа пешбинӣ шуда бошанд ҳам, роҳбарони сохторҳои зикршуда ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ таваҷҷўҳ надошта, ба вазъияти кишвар ва минтақаҳои алоҳидаи он баҳои дуруст дода наметавонистанд ва ҳангоми сар задани гирдиҳамоиҳо ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ бетарафиро ишғол намуда буданд.

Дар ҳамон давра ба дуруст роҳандозӣ гардидани сиёсати кадрӣ  эътибори ҷиддӣ дода намешуд. Дар мақомотҳои давлатӣ ҷобаҷогузории кадрҳо дар доираи ин тафаккур вобаста аз конюктураи сиёсии роҳбар ва маҳалу гурўҳбозӣ пурра гардида буданд, ки  дар оқибат дилхоҳ эроди корӣ ба ранҷиши маҳал ва бетарафӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ оварда мерасонд ва идома ёфтани чунин ҳолат сарчашмаи диффузияи (вайроншавии) ҳокимият ва фалаҷгардии рукнҳои он гардиданд.

Ин гувоҳи он буд, ки ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъятию сиёсиро буҳрон фаро гирифта, ба давлату давлатдории тоҷикон хатари нобудшавиро пеш оварда буд. Дастгоҳи давлатӣ, аз ҷумла сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҷои иҷрои ўҳдадориҳои касбӣ сиёсӣ шуда буданд.

Дар ҳамон давра аз як тараф қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии  Тоҷикистон  ба талаботи замон ҷавобгўй набуданд,

аз тарафи дигар дар ҷомеа қувваҳое рўи саҳна омаданд, ки намехостанд, ки атрофи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар муттаҳид бошанд.

 Бинобар ин зарурат ба миён омад, ки Парчами давлатии Тоҷикистон ба замони муосири соҳибистиқлолӣ мутобиқ карда шавад.

Аммо Парчами давлатии нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодагари моҳияти давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳануз омода ва қабул нагардида буд, гарчанде Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 1991 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул карда, барои интихоби рамзҳои миллӣ озмун эълон намуда буд. Гуруҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав фаъолият карда наметавонист. Вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар аз зери назорат баромада, Тоҷикистон ба қисматҳо тақсим гардида буд.

Бо назардошти он, ки аз  соли 1990 то ноябри соли 1992 талошу мубориза дар байни қувваҳои гуногун барои ба даст овардани ҳокимият, алангаи ҷанги гражданӣ, авҷи беҳокимиятӣ ва бесаросомониҳо дар мамлакат ҷой доштанд,  Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд даъват карда шуд ва дар толори Қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд 16 ноябри соли 1992 оғоз гардид.

Дар Иҷлосия Раиси Шўрои Олӣ, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб шуд ва аз ҳамин рўз барқароршавии сохтори конститутсионӣ оғоз меёбад.

Ҳадафи асосии Иҷлосия, махсусан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалан таҳти як Парчам ва дигар рамзҳои давлати мустақил гирд овардану минбаъд муттаҳид сохтани неруҳои гуногуни сиёсӣ, гурўҳҳои силоҳбадаст ва тамоми мардуми ошуфтаву парешонгаштаи Тоҷикистон буд. Зеро баъди эълон ё барқарор гардидани ҳокимияти конститутсионӣ, яъне давлати нави Тоҷикистон бардоштани Парчами давлатӣ нахустин маросими тантанавӣ аст, дар он ба эҳтироми шарафи миллӣ ибтидо гузошта мешавад. 

Бинобар ин, дар қатори дигар масъалаҳо натиҷаи озмун дар Иҷлосияи мазкур санаи 24 ноябри соли 1992 ҷамъбаст гардида, қарори дахлдор қабул карда шуд.

Ҳамчунин ба Конститутсияи ҳамон вақт амалкунанда  тағйироту иловаҳо дар мавриди рамзҳои давлатӣ, аз қабили Парчам ва Нишони давлатӣ ворид гардиданд. Аксарияти вакилони мардумӣ Парчами давлатии Тоҷикистонро пазируфтанд ва қабул карданд, ки моҳияти он давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буд, яъне ин Парчами ваҳдат ва сулҳу субот буд ва мебошад.

Қадами аввалине, ки Ҷаноби Олӣ карданд, ин ба минбар баромада Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бусиданд ва савганд ёд карда, ба иштирокчиёни ҷаласа рӯ оварда гуфтанд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва оила барқарор шудани сулҳ равона менамоям».

Сипас, кумондонҳои саҳроӣ ба минбар баромада ҳачун рамзи садоқат ва оштӣ Парчами давлатии Тоҷикистонро низ бусиданд ва атрофи он муттаҳидии худро нишон доданд.

Бояд зикр намуд, ки дар муддати кутоҳ хомӯш намудани ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ, ки ҳаёти 150 ҳазор нафарро ба коми худ кашид, беш аз як миллион нафарро бехонумон ва фирорӣ намуд, на кори ҳар кас буду на ҳар кас аз уҳдааш мебаромад. Танҳо ин шахси бузург тавонист мардуми парешону парокандаи тоҷикро дар рӯзҳои даҳшатноки кишвар зери Парчамаш сарҷамъ намояд, ки ин кори саҳлу сода ва кори оддӣ набуд.

Дар ин роҳи пурпечу тоб ва пурхатар Президенти маҳбубамон ҷони худро дар хатар гузошта, ҳаёти миллатро аз ин ҳодисаи мудҳиши даҳшатнок раҳонид. Зеро бидуни сулҳу таҳкими амният бунёди ҷомеаи демокративу адолатпарвар ғайриимкон буд.  

Нақши ин Парчам дар он буд, ки  талаботи аҳли ҷомеаро қонеъ мекард ва дар натиҷа дар минбаъда Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷомеа ба имзо расид, ки сарчашмаи он аз ҳамин Иҷлосия манша мегирад. Яъне муҳтарам Эмомалӣ иброз намуда буд, ки «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва ба ваъдааш вафо кард.

Дар робита Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, давлати муосири Тоҷикистонро барпо намуд, бунёд гузошт ва таъсис дод. Яъне ин Қонун дар бораи идораи сохтори давлатии  Тоҷикистон мебошад. Зеро тавассути моддаи 9 Конститутсия муқаррар гардид, ки ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Мувофиқи моддаи 3 Конститутсия  Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ -       Рамзҳои давлатии Тоҷикистон дониста шудаанд.

Аз ин рў, ин Конститутсия орзую омоли иҷтимоии чандинасраи миллати тоҷик мебошад. Зеро Конститутсия дар худ принсипҳои заминавии демократия, арзишҳои волоияти ҳуқуқ, давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ ва эҳтироми шарафи инсонӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро  мустаҳкам мекунад.

Дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994) мақсади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба тариқи зайл, яъне дар қисми ҷудонашавандаи ҷаҳон будан, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор донистан, дарк намудани таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он, эътироф кардани муқаддас шуморидани баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳо  ва вазифаи худ қарор додани бунёди ҷомеаи адолатпарвар  возеҳ ифода ёфтааст, ки дар бобу моддаҳои алоҳидаи Конститутсия мушаххас гардидаанд.

Шоири халқи тоҷик Муҳаммад Ғоиб дар васфи ватандорӣ шеърҳои зиёде эҷод карда,  баён менамояд, ки «Парчам эътибору шараф, шаъну шон, сари баланд, фахри миллат, аз ҷумла сарбозони Ватан аст» ва мехоҳам, ки «мо парчамбардорони Бузурги Ватан бошем. »

Оғоз аз соли 2009 инҷониб санаи 24 ноябр бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Рўзи Парчами давлатии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ҳамчунин бо ташаббуси муҳтарам Ҷаноби Олӣ ба ин хотир дар ҷойҳои зеботарини пойтахт «Майдони Парчами миллӣ»  ва «Майдони Нишон»  бунёд гардидаанд ва дар онҳо Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохтанд.

Аз ҷумла,  9 сентябри соли 2011 дар маркази пойтахти ватанамон ҳамчун рамзи давлатдории миллии муосир Парчами миллии Тоҷикистон баландиаш 165 метр, дарозиаш 60 метр ва паҳниаш 30 метр гузошта шуд, ки дар ҷаҳон назир надорад ва ба Китоби Гиннес ворид карда шудааст. Чунин майдонҳо дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ низ сохта шуда, Парчами миллии Тоҷикистон афрохта шудааст.

Воқеан ин Парчами ваҳдат ва сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон мебошад ва ҷавобгўйи манфиати ҳама қишрҳо ва гурўҳҳои иҷтимоии ҷомеа аст. Дар атрофи Парчами давлатӣ ҳама миллат ва халқиятҳо, ки дар қаламрави Тоҷикистон истиқомат мекунанд, муттаҳид гардидаанд.

Тоҷикистон зери Парчами давлатӣ рушд карда, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Хулоса,  Парчами давлатӣ ифтихори ҳар як сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус ва ҳувияти миллии мардуми мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар рангҳои худ инъикос намудааст.

 

 

 

Толибов Р.Ғ., нозир-референти 

 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ӯнвонҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон