Муқовимат ба коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.
Дар замони имрӯза коррупсия яке аз мушкилоти умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, дар тамоми соҳаҳои гуногуни ҷомеа ҳамчун фаъолияти ҷинояткорона дониста мешавад.
Вобаста ба масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд намуданд, ки бо назардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил дода шудааст.
Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, дар ин самт тадбирҳои муайян роҳандозӣ мешаванд.
Алҳол коррупсия дар ҷомеа бо маънои гуногун, аз ҷумла бо маънои ришва додан, суйистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхурӣ, хушомад намудан, сохтакорӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳо, азонихудкунӣ, исрофкорӣ ва хешутаборчигӣ фаҳмида мешавад.
Худи маънои коррупсия аз ду калимаи лотинии «correi» – якчанд иштирокчӣ аз як гурўҳ ва «rumpere» – шикастан, зиён расонидан, аз байн бурдан ва бекор кардан иборат мебошад.
Ва баъдан коррупсия бо маънии бо роҳи мукофотдиҳӣ ба худ моил кардан, яъне харида гирифтани шахсони мансабдор ва ба манфиатҳои шахсӣ истифода бурдани вакалатҳои хизматии шахсони мансабдор ифода гардидааст.
Мувофиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муќовимат ба коррупсия» мафҳумҳои коррупсия чунин пешбинӣ мешавад - кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ.
Мафҳуми коррупсияро Конгресси 9-уми Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун суистеъмол аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ муайян намудааст.
Яке аз самтҳои афзалиятноки мубориза бар зидди коррупсия ин пешгирии омилҳои корупсионӣ бо ҷалби тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади самаранок гардонидани фаъолият дар ин самт вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва дигар сохторҳои салоҳиятдор, ки субъектҳои муқовимат бо коррупсия мебошанд, дар самти муқовимат бо коррупсия фаъол буда, барои баланд бардоштани нуфуз ва обрӯи байналмилалии кишвар роҳбарони субъектони муқовимат бо коррупсия масъул мебошанд.
Дар ҳолате, ки кишвар ба ришваситони ё коррупсия сахт муқобилят нишон дода натавонад, мумкин аст дар мамлакат буҳрони иқтисодӣ ё сиёсӣ паҳн гардад.
Алҳол новобаста аз он ки дар кишвар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб пурзӯр мегардад ва аз ҷониби ниҳодҳои марбутаи давлатӣ садҳо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ошкору пайгирӣ карда мешаванд, вале мутаассифона то ҳануз ришвахӯрӣ дар ҷомеа аз байн нарафтааст.
Мутаассифона дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки дидаю дониста ба ҳолатҳои коррупсионӣ даст мезананд. Агар аз нигоҳи ахлоқӣ ба ин падида назар андозем, баъзе ҷиноятҳои коррупсионӣ дар байни қисми аҳолӣ ҳамчун меъёрҳои иҷтимоӣ қабул шудаанд. Чунончи, додани пора барои озод аз хизмати ҳарбӣ, гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ, дохил шудан ба макотиби олӣ, аз ҳар гуна ҷавобгарӣ озод намудан, ба ҷойи кор таъмин намудан ва дигар амалҳо гуё як кори муқаррарӣ бошад.
Аммо коррупсия ба оромӣ ва сулҳу суботи ҷомеа хатари калон дошта, эътиқод ва боварии мардумро ба сохторҳои давлатӣ, волоияти қонун коста мегардонад, ба иқтисодиёти ҳар як хонавода ва давлат зарари вазнин расонида, адолати иҷтимоиро аз байн мебарад.
Аз ин лиҳоз ҷиҳати дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат бо коррупсия ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат зарур аст, ки бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бо коррупсия корҳои таблиғотию ташвиқотие, ки моҳияти зиддикоррупсионӣ доранд, ба роҳ монда шаванд.
Усмонов Қ.Т.
Мутахассиси пешбари шуъбаи
Агентии хизмати давлатии
дар шаҳри Душанбе,
ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ