Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шудааст. Ҳамзамон соли 2024 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Бахшида ба ин рўйдодҳои муҳим аз ҷониби олимону коршиносон оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масоили ҳуқуқӣ тадқиқотҳои илмию амалӣ гузаронида шуда, дар васоити ахбори омма нашр карда шуданд.
Дар робита ба ин тасмим гирифтем, ки атрофи ташаккул ва рушди хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоҳизаҳои худро баён намоем.
Конститутсия ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ буда, ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро муайян намуда, таъсиси давлат, тартиби ташкил ва низоми мақомоти давлатӣ, суботи сиёсӣ ва тартибу низоми давлатиро таъмин мекунад.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди низоми нави давлатдорӣ ибтидо гузошта, барои такмили марҳила ба марҳилаи низоми идоракунии давлатӣ, ислоҳот ва рушди хизмати давлатӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ўро аризши олӣ эътироф намудааст, ки ин яке аз арзишҳои умумипазируфтаи ҷаҳони мутамаддин ба ҳисоб меравад. Аз ҷумлаи ҳуқуқҳое, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муќаррар шудаанд, иштироки бевоситаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи баробар доштани онҳо дар хизмати давлатӣ мебошад.
Дар моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, ки «Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд». Дар таърихи давлатдории тоҷикон аввалин маротиба дар сатҳи Конститутсия баробарҳуқуқии шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ кафолат дода шуд, ки ин яке аз дастовардҳои давлати мустаќили Тоҷикистон мебошад.
Ин меъёри конститутсионӣ дар моддаи 25 Паймони байналмилалии оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ дар чунин шакл пешбинӣ шудааст: «Ба ҳар як шаҳрванд дар кишвари худ бояд бе ҳеҷ гуна поймолкунӣ ва маҳдуднамоии беасос тибќи шарту шароити барои ҳама баробар ҳуқуқу имконияти иштирок кардан дар хизмати давлатӣ дода шавад».
Хизмати давлатии Тоҷикистон ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ, меҳнат ва иҷтимоию сиёсӣ баробар бо соҳибистиқлолии Тоҷикистон ташаккул ёфта, ҳамчун яке аз рукнҳои асосии идоракунии давлатӣ аз Конститутсии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Падидаи хизмати давлатӣ баъд аз ќабули Конститутсия ва як ќатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи хизмати давлатӣ ба захираи луғавии сиёсию ҳуқуқии ҷомеа ворид гардида, ҳамчун шакли фаъолият ва рукни асосии идоракунии давлатӣ мавќеи сазоворро пайдо намуд. Ихтиёрӣ ва дастрас будани хизмати давлатӣ, шаффофият дар гузаронидани озмунҳо, баландравии мансабии хизматчии давлатӣ дар асоси ќобилият, тайёрии касбӣ ва мувофиќат ба талаботи тахассусӣ, мунтазам зиёд гардидани музди меҳнати хизматчиёни давлаӣ, кафолатҳо ва ҳавасмандгардониҳои хизматчии давлатӣ таваљҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба худ ҷалб намудааст.
Хизмати давлатӣ, сиёсати давлатии кадрҳо ва идоракунии давлатӣ се самти алоҳидаи фаъолият бошанд ҳам, бо ҳам алоќаманд буда, бе якдигар амал карда наметавонанд. Идоракунии давлатӣ хизмати давлатиро талаб мекунад. Дар навбати худ хизмати давлатӣ ядрои асосии идоракунии давлатӣ мебошад. Хизмати давлатӣ ќисми таркибии сиёсати давлатии кадрҳо аст.
Самаранокии фаъолияти давлат пеш аз ҳама ба вазъ ва имкониятҳои кадрии он алоќаманд аст. Бинобар ин, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо вобаста ба малакаю лаёқати касбии онҳо дар мансабҳои давлатӣ баёнгари сиёсати пешгирифтаи ҳар як кишвари алоҳида мебошад.
Таљрибаи муосири давлатдории кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки татбиќи сиёсати давлатӣ, аз ҷумла хизмати давлатӣ аз салоҳиятнокӣ, донишу малака ва сатҳи баланди касбии хизматчиёни давлатӣ вобастагӣ дорад. Ҳар ќадаре ки хизматчиёни давлатӣ дорои малака ва маҳорати идоракунӣ бошанд, ҳамон ќадар фаъолияти касбии онҳо самарабахш гардида, рушди ҳамаҷонибаи рукнҳои давлат таъмин мегардад.
Дар маҷмўъ ташаккули хизмати давлатии Тоҷикистонро шартан ба се марҳилаи асосӣ ҷудо кардан мумкин аст: марҳилаи ташаккулёбӣ (солҳои 1991-2005), марҳилаи ислоҳоти соҳа (солҳои 2005-2011) ва марҳилаи рушди хизмати давлатии Тоҷикистон (аз соли 2011 то имрўз).
Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 13 ноябри соли 1998, №687 иборат аз 5 боб ва 34 модда қабул гардид. Дар Ќонуни мазкур аввалин маротиба мафҳумҳои хизмати давлатӣ, хизматчии давлатӣ, мансаби давлатӣ ва ғайраҳо пешбинӣ карда шуданд. Минбаъд дар тўли 8 соли амал ба Ќонуни мазкур се маротиба таѓйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Вобаста аз оне, ки дар самти таъмини асосҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ, амалисозии технологияи кадрӣ, масъалаҳои таъминоти иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ баъе номуайяниҳо вуҷуд дошт ва дар баъзе мавридҳо ба дигар ќонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухалифат менамуд, зарурати дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардидани Ќонуни мазкур ба вуҷуд омад.
Дар робита ба ин бо мақсади такмил ва ба талаботи муосир мутобиқ намудани хизмати давлатии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 5 марти соли 2007, №233 дар таҳрири нав қабул гардида, барои ислоҳот ва рушди хизмати давлатӣ заминаҳои ташкилию қуқуқӣ муҳайё карда шуданд.
Қонуни мазкур аз 5 боб ва 45 модда иборат буда, дар давоми 17 соли амал ба он 17 маротиба тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд.
Тибќи сархати шашуми моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 5 марти соли 2007, №233 хизмати давлатӣ - фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти маќомоти давлатӣ муќаррар карда шудааст.
Фаъолияти касбии хизматчии давлатїӣ ин банаќшагирӣ, қабули қарорҳо, таъмини иҷрои қарорҳо ва дар маҷмўъ амалисозии идоракунии давлатӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ мебошад.
Хизматчии давлатӣ - шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касбӣ бо маќсади таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ишѓол намудааст.
Вобаста ба наќши муҳим доштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кору фаъолияти хизматчиёни давлатӣ дар матни савганди хизматчии давлатӣ пешбинӣ карда шудааст, ки хизматчии давлатӣ пеш аз ҳама бояд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд. Ҳамзамон хизматчии давлатӣ дасти росташро ба болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд мекунад.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 5 марти соли 2007, №233 қабули 26 санади зерқонунӣ пешбинӣ гардид. Аз ин, ќарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 адад, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 адад, ќарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 адад, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи Агентии хизмати давлатӣ 6 ададро ташкил медиҳанд.
Бояд қайд намуд, ки зимни таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ таҷриба ва таърихи давлатдории гузашта ва ҳозираи халќи тоҷик, таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи хориљӣ, сарчашмаҳои илмии дохилию хориҷӣ ба таври васеъ истифода шудааст.
Дар як ваќт барои рушди хизмати давлатӣ ќабули як қатор санадҳои барномавӣ низ мусоидат намуданд. Бо назардошти муҳимияти масъалаҳои рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, барномаҳои кўтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат ќабул гардида, бо ҷалби маблағҳои буҷети давлатӣ ва грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ давра ба давра амалӣ карда шуданд.
Дар амалигардонии ислоҳоти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006, №1713, Консепсияи ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №28, Барномаи ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007, №448, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006, №496, Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, №582 ва Барномаи татбиќи Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016 ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, №252 тасдиќ карда шудаанд, мавқеи муҳим доранд.
Ҳамзамон дар рушду ташакулли хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон наќши Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сазовор мебошад. Вазифа ва рисолате, ки ба дўши Агентии хизмати давлатӣ вогузор гардидааст, гуногунҷабҳа буда, аз самтҳои татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ оид ба рушди хизмати давлатӣ, таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати давлатӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ, мониторинги онҳо, таъмини талаботи маќомоти давлатӣ бо кадрҳои баландихтисос, ҳамоҳангии фаъолияти маќомоти давлатӣ дар масъалаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, назорати риояи қонунгузории хизмати давлатӣ аз ҷониби маќомоти давлатӣ ва ғайраҳо иборат мебошад.
Ҳамин тавр, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати давлатии муосири касбӣ ташкил гардида, он ҳамчун пайвандгари насли гузашта ва ҳозира таҷрибаи давлатдории тоҷиконро идома дода, онро дар масири таърих ҳамчун давраи намоёни таърихӣ ба наслҳои оянда муаррифӣ менамояд. Рушди хизмати давлатӣ дар замони муосир ба соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва қабули Конститутсия пайвастагии ногусастанӣ дорад.
Мирраҷабов Х.М. – муовини сардори шуъбаи
таъминоти ҳуқуқии Агентии хизмати давлатӣ