User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Имрӯз, 14 октябри соли 2024 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд барои муовинони раис ва мутахассисони пешбари ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оид ба соҳаи кишоварзӣ курси такмили ихтисос аз руйи барномаи «Роҳҳои амалисозии ислоҳоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуруъ гардид.

Дар ифтитоҳи расмии курс, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Шоҳрух Ҳамидов, сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Маъруф Шарифиён ва намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд.

Курси мазкур дар ҳаҷми 46 соат то 19 октябри соли ҷорӣ идома меёбад. Барои шунавандагони курс мутобиқи барномаи таълимӣ вобаста ба муаррифии лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, роҳҳои амалисозии барномаҳои соҳаи кишоварзӣ, таҳдидҳои нави геополитикӣ ва таъсири он ба Истиқлоли давлатӣ, инъикоси масъалаҳои амнияти озуқаворӣ ва ислоҳоти кишоварзӣ дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон, шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва амсоли инҳо машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ба шунавандагони курс пас аз гузаронидани суҳбат-санҷиш гувоҳнома дода мешавад.

Сарчашма: Академияи идоракунии давлатии назди        

               Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон