User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

«Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем».                                                                                                                                                                                                                                                      Эмомалӣ Раҳмон

 

Ҳамкасбони   гиромӣ!  

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар кишвари мо 5 октябр-Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Ба ин муносибат, бо камоли эҳтирому шодмонӣ якояки Шуморо бо ҷашни муқаддасу фархунда-Рӯзи забони давлатӣ самимона муборакбод мегӯям.

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ марҳилаи нави рушди забони давлатӣ оғоз гардида, ҷиҳати нигаҳдорӣ, ҳимоя ва таъмини рушди бомароми он иқдомҳои шоиста роҳандозӣ гардиданд.

Аз ҷумла, таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2008 эълон гардидани «Соли  бузургдошти забони тоҷикӣ», дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз 5 октябри соли 2009, бо қарорҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани Барномаҳои рушди забони давлатӣ аз 28 ноябри соли 2020, №647 ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ аз 30 июни соли 2021, №268 аз ҷумлаи онҳост.

 Боиси ифтихори мост, ки пешоҳанги ҳама ташаббусҳои неку наҷиб дар роҳи арҷгузорӣ ба забони давлатӣ Сарвари давлати мо мебошад. Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар корҳои давлатдорӣ озодона мавриди истифода қарор дорад ва он ба забони сиёсат, маориф, қонунгузорӣ, робитаҳои дипломатӣ ва ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа табдил ёфтааст.

Дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 2021 иброз доштанд, ки «...забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ буда, чун ҷисми зинда барои афзудани тавонмандии худ ба ғамхориву пуштибонии пайвастаи давлату ҷомеа ниёз дорад».

 Дар робита ба ин гуфтаҳои арзишманд таъкид бояд кард, ки хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар поку бегазанд нигоҳ доштани забони давлатӣ бетараф нестанд. Гузашта аз ин,  моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» донистани забони давлатиро ҳамчун яке аз талаботи ҳатмӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ пешбинӣ кардааст ва зимни баргузории озмунҳо донистани забони давлатӣ, таърих ва муқаддасоти миллӣ талаб карда мешавад.

Дар Агентии хизмати давлатӣ низ барои татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд.

Аз ҷумла, Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ пурра бо забони давлатӣ роҳандозӣ гардидааст.

Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо забони давлатӣ таҳия гардида, зимни таҳияи онҳо вобаста ба истифодаи дурусти истилоҳоти соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. 

Дар баробари пайгирӣ аз сиёсати ягона дар бораи забони давлатӣ дар шароити имрӯза донистани забонҳои хориҷӣ, хусусан, забонҳои русию англисӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад.

Сиёсати донистани забонҳо, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми кормандони идораҳои давлатӣ тақозо карда мешавад, барои рушди ҳар шахс замина фароҳам меорад ва ҳамзамон барои дастрасии ҳар кадоми мо ба махзанҳои иттилоотии ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

Воқеан ҳам дар шароити имрӯза маҳз мутахассисони забондону болаёқат, ватандӯсту фидокор метавонанд барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳисса гузоранд, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизи мо иқдомҳои шоистаро роҳандозӣ созанд.

Раванди ҷаҳонишавӣ, рушди техникаву технологияи замонавӣ, дастрасӣ ба шабакаи умумиҷаҳонии Интернет, афзоиши экстремизму терроризми байналмилалӣ барои кишварҳои ҷаҳон мушкилоти зиёде ба вуҷуд овардааст.

Дар ин шароити бисёр ҳассос вазифаи ҳар як фарди худогоҳи кишвар нигаҳдориву арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва ба наслҳои оянда поку беолоиш расонидани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки   «Вазифаи муқаддаси мо – насли имрӯза дар он зоҳир мегардад, ки барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ кӯшиш намоем, забондонии хешро пайваста сайқал диҳем ва онро чун гавҳараки чашм пос дорем».

Ман итминони комил дорам, ки минбаъд низ хизматчиёни давлатӣ - ин неруи бузургу пешбаранда ва таҳкимбахши давлату давлатдорӣ дар татбиқи ҳидоятҳои Пешвои миллат бо масъулияти хоса муносибат менамоянд ва дар роҳи гиромидошти забони модарӣ барои тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, хусусан барои ҷавонон намуна ва шоистаи пайравӣ мегарданд.

Бори дигар тамоми хизматчиёни давлатӣ ва ҳамдиёрони азизро ба ифтихори ин ҷашни фархунда табрик гуфта, бароятон дастоварду бартариятҳои хизматӣ ва сарбаландию саодатмандиро таманно дорем.