User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

        Санаи 2 октябри соли равон дар доираи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забони миллат-ҳастии миллат» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

      Дар чорабинии тантанавӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон – муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон - раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳасани Султон – узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

            Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур Мухторов Зайнидин Мухторович-ректори Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе, кормандони Агентии хизмати давлатӣ ва шунавандагони курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф», ки тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварро намояндаги мекунанд, иштирок намуданд.

         Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон - муовини директори Агентии хизмати давлатӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ қайд намуданд, ки муқаддасоти миллӣ симо ва муаррифгари миллат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ҳар як шахси соҳибватан вазифадор аст, ки онҳоро гиромӣ дошта, арҷ гузорад. Ҳар як миллат арзишҳои маънавии худ, аз ҷумла парчаму нишон, суруди миллӣ, пули миллӣ, расму оинҳо ва забони миллии хешро дорад, ки дар маҷмӯъ онҳоро муқаддасоти миллӣ меноманд.

         Ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон забон ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ дар кишвари мо ҷойгоҳи шоиста пайдо кард. Мустаҳкам намудани мақому манзалати забони тоҷикӣ яке аз авлавиятҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Мақсаду вазифаҳои ниҳоии сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон ин эҳтироми бепоён ба забони миллӣ, ҳифзу тақвияти он, баланд бардоштани мақому мартабаи забон, инчунин рушди арзишҳои забонӣ ва иқтидору имконоти воқеии забони тоҷикӣ мебошад.

         Дар даврони давлатдории навин забони тоҷикӣ дар мақоми забони миллӣ ё забони давлатӣ рисолат дошта, рушди он идома дорад.

         Дар чорабинӣ баромадкунандагон оид ба рушди забони давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифз ва нигоҳдошти забони тоҷикӣ, гиромидошт ва ҳифзи забони давлатӣ, арҷгузорӣ ба забону фарҳанги миллӣ суханронӣ намуданд.

      Таъкид гардид, ки забони давлатӣ як нишонаи пойдории миллату давлат ба ҳисоб рафта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифз ва нигоҳдошти забони тоҷикӣ як қатор тадбирҳои судманд андешида шуданд.

         Пеш аз ҳама, ҳамчун муқаддасоти миллӣ эътироф гардидани забони тоҷикӣ ва ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардидани Рӯзи забони давлатӣ дар кишвар, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду ҷилд чоп гардидани асари пурарзиши «Забони миллат-ҳастии миллат», таъсис ёфтани Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили солгарди шоирону адибони барҷастаи миллати тоҷик қадамҳои устуворе дар рушди забони давлатӣ мебошанд.

         Дар асоси фармоишҳои Агентии хизмати давлатӣ Холиқзода Шукруллои Мусофир ба мансаби мутахассиси шуъбаи махзани маълумоти хизматчиёни давлатӣ ва Мирсайзод Шаҳноза Ҳаким ба мансаби мутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Агентии хизмати давлатӣ таъин карда шудаанд, дар ҳузури иштирокчиёни чорабинии тантанавӣ савганди хизматчии давлатиро ироа намуданд.

         Инчунин барои фаъолияти самарабахш дар низоми хизмати давлатӣ ба 4 нафар хизматчиёни давлатӣ рутбаҳои тахассусӣ дода шуд.

 

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон