Санаи 20 сентябри соли ҷорӣ ҷаласаи васеи навбатии ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа масъалаи ҳолати ташкили ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.
Дар ҷаласа Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич - директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олимшо Меҳрӣ - мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон - муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамидов Шоҳрух Бозорович – директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони шуъбаҳо ва дигар кормандони Агентии хизмати давлатӣ иштирок намуданд.
Аз рӯйи масъалаи рӯзнома Қурбонзода Ҳ.Ҷ. - муовини директори Агентии хизмати давлатӣ гузориш доданд.
Зимни маърӯза қайд гардид, ки мувофиқи таҳлилҳо ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ аз соли 2002 то инҷониб тақвият ёфта, бо як қатор мақомоти ваколатдори соҳа, ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ санадҳои дахлдори байналмилалӣ ба имзо расонида, ҳамкориҳо амалӣ карда шудааст. Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар 10 соли охир зиёда аз 1000 нафар хизматчиёни давлатӣ ба курсҳои магистратура дар Академияи идоракунии давлатӣ ва зиёда аз 500 нафар хизматчиёни давлатӣ ба курсҳои магистратура ва докторантура дар хориҷи кишвар ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.
Иштироки хизматчиёни давлатӣ дар кори конференсияҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ таъмин карда шуд.
Дар маҷмӯъ аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ вобаста ба самти ҳамкориҳои байналмилалӣ 25 санади байналмилалӣ, аз ҷумла 4 созишнома, 3 ёддошти тафоҳум, 16 қарордод, 1 аҳднома ва 1 эъломия ба имзо расонида шуда, аз онҳо 4 созишнома, 3 ёддошти тафоҳум, 1 қарордод, 1 аҳднома ва 1 эъломия мавриди иҷро қарор дошта, иҷрои 15 қарордод дар муҳлатҳои муқарраргардида пурра таъмин карда шудааст. Фаъолият дар ин самт идома дорад.
Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои тақвияти кор дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ пешниҳод карда шуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон