User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

        Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти курси такмили ихтисос барои сардорони сохторҳои коргузорӣ, назорат ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз руйи барномаи «Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ» баргузор гардид.

         Дар чорабинии мазкур директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишо Карамалишоев, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Шоҳрух Ҳамидов ва шунавандагони курси мазкур иштирок намуданд.

         Шоҳрух Ҳамидов, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия зимни сухани ифтитоҳии худ иштирокчиёнро бо ҷамъбасти муваффақонаи курси такмили ихтисос табрику таҳният гуфта, барояшон дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ барору комёбӣ таманно намуд.

         Дар идома директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов суханронӣ намуда, қайд кард, ки мақсади баргузории курси мазкурро такмили донишу маҳорат, табодули таҷриба, омӯзиши меъёрҳои қонунгузории мамлакат, тавсеаи донишҳои замонавии техникӣ ва этикаи фаъолияти касбӣ ташкил менамояд. Ҷумъа Давлатов изҳори боварӣ намуд, ки шунавандагон донишу малака ва таҷрибаи дар давоми курси мазкур азхуднамудаашонро дар фаъолияти минбаъда ба таври васеъ истифода хоҳанд намуд.

         Дар қисмати тантанавӣ чорабинии аз ҷониби роҳбарияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шунавандагон гувоҳномаҳо оид ба хатми бомуваффақонаи курси такмили ихтисос тақдим карда шуд.

 

Академияи идоракунии давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон