User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

       Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6 сентябри соли равон чорабинии бошукуҳи тантанавӣ таҳти унвони «Рушди хизмати давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» баргузор карда шуд.

      Дар чорабинии мазкур Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич - директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафаров Сайфулло – ходими давлатию ҷамъиятӣ, собиқадори меҳнат, Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумахон - муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Карамалишоев Карамалишо Нуралишоевич – ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои таърих, Мухторов Зайнидин Мухторович-ректори Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе, доктори илмҳои филология, кормандони Агентии хизмати давлатӣ ва магистрантон - хизматчиёни давлатии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», ки шаҳру ноҳияҳои кишварро намояндагӣ мекунанд, иштирок намуданд.

     Дар ифтитоҳи чорабинии Давлатов Ҷ.М - директори Агентии хизмати давлатӣ, иштирокчиёнро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ  33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд. Зимни суханронӣ иброз гардид, ки дар 33 соли соҳибистиқлолӣ мардуми шарифи кишвар имтиҳонҳои душворро паси сар намуда, ба бунёди ҷомеаи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиасос поя гузошта шуд. Тоҷикистон дар ин солҳо ба як қатор дастовардҳо ноил гардид ва дастоварди беназири мардуми тоҷик барқарор гардидани сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии кишвар мебошад.     

         Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби баромадкунандагон қайд карда шуд, ки имрӯз аз ҳар як фарди худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпараст, хусусан аз ҳар хизматчии давлатӣ талаб карда мешавад, ки ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ софдилонаву содиқона кору зиндагӣ кунад, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои пешрафти давлати соҳибистиқлол, таҳкими минбаъдаи мавқеъ ва эътибори Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ равона созад.

         Ҳамчунин маърузачиён баён доштанд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои миллат мебошад.

         Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи мардуми меҳанпарвару меҳнатдӯсти кишвар, дар ҳалли масъалаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва дар маҷмуъ дар рушди идоракунии давлатӣ саҳми арзанда доранд. Барои устуворона қадам гузоштан дар шоҳроҳи таърих ва ҳифзи арзишҳои давлатдории миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои муосир барои ҳар як давлат пеш аз ҳама кадрҳои ҷуяндаю навовар ва содиқу бунёдгар заруранд.

         Дар баробари суханони табрикотӣ, маърӯзаҳои илмӣ – амалӣ шунида  шуда, инчунин барои фаъолияти самарабахш дар низоми хизмати давлатӣ хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ, бо мукофотҳои идоравии   Агентии хизмати давлатӣ ва рутбаҳои тахассусӣ барои саҳми муносиб дар рушди хизмати давлатӣ қадршиносӣ карда шуданд.   

 

 Шуъбаи ташкилию иттилоотии

Агентии хизмати давлатӣ