User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

       28 августи соли 2024 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим бо хизматчиёни (кормандони ташкилотҳои) давлатии кишвар, ки тибқи Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (Лоиҳаи JDS)  барои таҳсил дар донишгоҳҳои Ҷопон интихоб гардида, таҳсилро шурӯъ хоҳанд кард, баргузор гардид.

       Зимни суҳбат Сафир ба магистрантҳои тозаинтихоб дар таҳсил ва пажуҳиши илмӣ муваффақият орзу намуда, ҳамкориҳои рушдёбандаи Тоҷикистону Ҷопон, бахусус аҳаммияти барномаи рушди захираҳои инсониро таъкид кард.

       Дар ин самт, ҳидоятҳои Роҳбарияти олии кишвар ва тасмимҳои Ҳукумати кишварро барои беҳтар намудани малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатӣ дар муассисаҳои бонуфузи таълимии кишварҳои тарақикарда иброз намуд.

       Сафир ба ҷониби ҷопонӣ барои мусоидат ва амалисозии барномаҳои рушди захираҳои инсонӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

 

Сафорати Ҷумҳурии

Тоҷикистон дар Ҷопон