User Rating: 2 / 5

Star ActiveStar ActiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

      Мувофиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо мақсади такмили Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти раванди интихоби кадрҳои соҳаи хизмати давлатӣ ба мансабҳои хизмати давлатии шаҳрвандӣ фармоиши Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2024, №162 «Дар бораи талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ» тасдиқ карда шуда, он аз 12 августи соли 2024, №1295 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

   Мақсади таҳияи санади мазкур такмили Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2011, №153 тасдиқ карда шуда, аз 26 сентябри соли 2011, №436 «а» дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тақвияти раванди интихоби кадрҳои соҳаи хизмати давлатӣ ба мансабҳои хизмати давлатии маъмурӣ мебошад.

   Тибқи банди 3 Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №167 тасдиқ карда шудааст, фармоиши мазкур дар нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзномаи «Ҷумҳурият» аз 21 августи соли 2024, №160 (25 023) интишор карда шуд.

  Дар як вақт санади мазкур тибқи талаботи қисми 2 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» барои корбарии минбаъда ба дигар мақомоти давлатӣ, дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ дар гӯшаи «Китобхона», бахши «Фармоишҳои Агентӣ» ҷойгир карда шудааст.

 

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон