User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Лоиҳаи фармоиши Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби пешбурди парвандаи шахсии хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар таҳрири нав) таҳия карда шудааст.

Фармоиши Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2008, №3 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои пешбурди делои шахсии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 августи соли 2008, №435 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, зиёда аз 15 сол амал мекунад. Давоми ин муҳлат дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таѓйиротҳои зиёд ворид карда шуда, зарурати таҷдиди назар намудани санади мазкур ба амал омадааст.

Лоиҳаи мазкур аз 21 августи соли 2024, №02-1794 ба мақомоти давлатии дахлдор барои баррасӣ ва пешниҳоди хулоса ирсол карда шудааст.

Дар як вақт лоиҳаи мазкур тибқи талаботи қисми 2 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» барои баррасӣ ба дигар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ дар гӯшаи «Китобхона», бахши «Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҷойгир карда шудааст.

Хоҳишмандон (мақомоти давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ,  ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ) метавонанд нисбат ба лоиҳаи мазкур таклифу пешниҳоди худро дар шакли электронӣ тавассути почтаи электоронии This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. ва ё дар шакли хаттӣ ба Агентии хизмати давлатӣ (шаҳри Душанбе, кучаи Саид Носир, 33) манзур намоянд.

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон