User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон санаи 21 июни соли равон ба муносибати Рӯзи хизмати давлатии Созмони Милали Муттаҳид дар бинои Академияи идоракунии давлатӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Хонум Парвати Рамасвамӣ - ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали   Муттаҳид дар Тоҷикистон, Филипо Карусо - мененҷери Лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар Тоҷикистон, Сафарзода Даврон Ҷурахон - номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Марҳабо Ҷабборӣ -  доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони русии муосири Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Латифзода Асрор Қурбон - муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ - муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулзор Муҳаббат Мамадкарим - ҳуқуқшиноси Ташкилоти Оѓохон оид ба рушд дар Тоҷикистон, Ойев Холмаҳмад - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ иштирок намуданд.

Ҳамчунин, дар ҳамоиш собиқ сардорони шуъбаҳои Агентии хизмати давлатӣ, кормандони Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ, магистрантон-хизматчиёни давлатии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», намояндагони вазорату идораҳо ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. конференсияро ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки тибқи қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 20 декабри соли 2002, №57/277 санаи 23 июн ҳамчун Рӯзи хизмати давлатии кишварҳои Созмони Милали Муттаҳид қайд карда мешавад.

Ҳамасола давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид дар ин рӯз чорабиниҳои махсус ташкил намуда, аҳамияти хизмати давлатӣ ва саҳми он дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатро арзёбӣ мекунанд. 

Ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо равандҳои таҳкими Истиқлоли давлатӣ, бунёди низоми нави сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ, татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо робитаи зич дорад.

Дар давраҳои соҳибистиқлолии дар сиёсати созандаи давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни вазифаҳои муҳими давлатдорӣ масъалаҳои таъминоти кадрӣ ва истифодаи оқилонаи иқтидори кадрӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ, такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчиёни давлатӣ дар навбати аввал гузошта шуд.

Соли 1994 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши таркибии Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо таъсис дода шуда, минбаъд ба бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо табдил дода шуд.

Бо мақсади ташкили идоракунии бонизом ва самараноки хизмати давлатӣ 25 январи соли 2001 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ-Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда минбаъд аз 19 ноябри соли 2013 ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани ин ниҳод қадами устувор дар роҳи таъминоти кадрӣ ва ба ҳамин роҳ таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва хизматрасонии давлатӣ ба аҳолӣ маҳсуб мегардад.

Дар давоми 24 соли ислоҳот, ташаккулёбӣ ва рушди соҳа мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ дар таҳияи санадҳои барномавӣ ва меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ, расонидани кӯмаки методӣ ба мақомоти давлатӣ, назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ, баррасии муроҷиатҳои хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон иштирок ва мусоидат менамояд.   

Дар маҷмӯъ, бо мақсади танзими масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ беш аз 200 санади меъёрии ҳуқуқӣ ва барномавӣ таҳия ва қабул карда шудааст.

Ба ҳолати 1 апрели соли 2024 дар мақомоти давлатӣ 18260 нафар (занон 4566 нафар ё 25,0 фоиз) хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла дар мақомоти марказӣ 11913 нафар (занон 2899 нафар ё 24,3 фоиз), мақомоти маҳаллӣ 3478 нафар (занон 1081 нафар ё 31,0 фоиз) ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 2869 нафар (занон 586 нафар ё 20,4 фоиз) фаъолият доранд.

Зимни суханронӣ директори Агентии хизмати давлатӣ ҳамчунин доир ба татбиқи технологияҳои кадрӣ, аз ҷумла баргузории озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ дар мақомоти давлатӣ, ташкили аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ташкили захираи кадрҳо, таҳсили хизматчиёни давлатӣ ибрози назар карда, қайд намуд, ки ҳамасола зиёда аз 2000 хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ ба курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Инчунин дар конференсия Хонум Партави Рамасвамӣ - ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали   Муттаҳид дар Тоҷикистон, Филипо Карусо -мененҷери Лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар Тоҷикистон, Латифзода Асрор Қурбон - муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сафарзода Даврон Ҷурахон - номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ - муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ойев Холмаҳмад - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Марҳабо Ҷабборӣ -  доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони русии муосири Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ва Ализода Баҳриддин Пирмуҳаммад - доктори илмҳои тарих, дотсент, мудири кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, доир ба ташаккул ва рушди хизмати давлатӣ, нақши хизматчиёни давлатӣ дар татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ҳадафҳои Ҳукумати кишвар дар самти таъмини зиндагии арзандаи сокинон, саҳми  ҷавонону занон дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии давлат,  ҳамзамон расидан ба қадри сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ изҳори андеша карда, суханҳои хешро бо иқтибосҳо аз суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвият бахшиданд.

Дар ҷамъбасти чорабинии мазкур мукофотҳои идоравии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра хизматчиёни давлатӣ барои саҳми муносиб дар рушди хизмати давлатӣ бо қадршиносӣ гардиданд.   

 

 

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон