User Rating: 4 / 5

Star ActiveStar ActiveStar ActiveStar ActiveStar Inactive
 
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани шаҳодатномаҳо ба хатмкунандагони курси омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони «Зан - сарвар» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Даврон Ҷурахон, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, Роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Георг Майер, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ Сайнак, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда, мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Суғд Шарифзода Ғолибҷон, устодону кормандон ва хатмкунандагон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сафарзода Даврон, ректори Академия чорабинии тантанавиро ифтитоҳ карда, қабл аз ҳама хатмкунандагонро бо хатми муваффақонаи курси омӯзишии дуалӣ аз рӯйи барномаи «Зан – сарвар» ва соҳиб шудан ба бовариву эътимоди устодон самимонаву содиқона табрику таҳният гуфта, барояшон комёбиҳои пайдарпай ва парвози баланди касбиву эҷодӣ таманно намуд.
Зимни суханронии худ ректори Академия Даврон Сафарзода иброз дошт, ки курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» ва «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» роҳандозӣ гардида, ба он занону духтароне, ки дар мақомотҳои маҳаллӣ кору фаъолият доранд, ҷалб карда шудаанд.
Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ мақомоти қонунгузории мамлакат то ба имрӯз як зумра санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул намудааст, ки онҳо барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.
Таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузории курс ин мусоидат барои аз худ намудани дониш ва тарзу усулҳои роҳбарӣ, идоракунии давлатӣ ва таъмини баробарии гендерӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Академияи идоракунии давлатӣ дар ҳамкорӣ бо шарикон курси омӯзишии дуалӣ аз рӯйи барномаи «Зан – сарвар» - ро соли 2019 оғоз намуда, дар курси мазкур занони фаъолу лаёқатманд хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Курси омӯзишии дуалӣ се давраро дар бар гирифта, ҳар як давраи он аз 8 рӯзи таълимӣ ва 3 рӯзи таҷрибаомӯзӣ иборат мебошад. Баъди анҷоми курс шунавандагон аз рӯйи барномаи «Зан – сарвар» ба шаҳодатнома сарфароз гардонида мешаванд, ки барои болоравии мансабии онҳо нақши муҳим мебозад.
Давраи навбатии курси мазкур барои хизматчиёни давлатии вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз моҳи майи соли 2023 оғоз гардида, онро 44 нафар занони фаъолу лаёқатманди мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ курсро бомуваффақият хатм намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ намояндагони мақомотҳои давлатӣ ва меҳмонони чорабинӣ суханронӣ намуда, иқдоми роҳбарияти Академияро оид ба ташкил ва баргузории курсҳои мазкур саривақтӣ ва самаровар унвон намуданд. Қайд гардид, ки имрӯз бо дастгириву сарпарастии бевоситаи Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи занон дар ҷомеа рӯз аз рӯз боло рафта истода, нақши фаъоли онҳо дар пешбурди сиёсати давлатӣ мушоҳида карда мешавад.
Дар идома аз ҷониби роҳбарияти Академия ва меҳмонон ба 44 нафар хатмкунандагон дар фазои тантанавӣ шаҳодатнома аз рӯйи барномаи «Зан – сарвар» супорида шуд.
Лозим ба таъкид аст, ки аз соли 2019 то инҷониб курси омӯзишии дуалӣ аз рӯйи барномаи «Зан – сарвар»-ро 218 нафар занони фаъолу лаёқатманди мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ хатм намуда, қариб 30% - и он ба болоравии мансабӣ ноил гардидаанд.
Дар фарҷом аз ҷониби кормандони шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия барномаи рангини фарҳангии иборат аз шеъру сурудҳои ватандӯстона пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон