User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
14 июни соли ҷорӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии маъмурии шаҳрвандии комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи “Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа” ҷамъбаст гардид.
Дар ҷамъбасти курси мазкур муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия, роҳбари дастгоҳи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва шунавандагони курси такмили ихтисос иштирок намуданд.
Муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурез Қосимзода зимни суханронии худ қайд намуд, ки курси мазкур бо мақсади аз бар намудани донишҳои ҳуқуқию сиёсии шунавандагон ташкил ва ба роҳ монда шудааст. Дар ҷараёни курсҳои азнавтаёркунӣ ва такмили ихтисос, мавзуҳои мубрами ҳаёти сиёсию ҳуқуқии ҷомеа баррасӣ карда мешавад, ки ба заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ, муҳофизати мудофиаи шаҳрвандӣ, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои эвакуатсионӣ ва асосҳои институтсионалии амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти бехатарии ҳарбӣ мусоидати фаъол менамоянд.
Роҳбари дастгоҳи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Саидзода иброз дошт, ки баргузории курси мазкур таҷрибаи нав дар соҳаи мудофиаи кишвар мебошад. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки бояд хизматчиёни давлатии маъмурии шаҳрвандии комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии худ ба масъалаҳои пешгирии низоъҳои мусаллаҳонаи шакли нав, омодасозии ҳайати роҳбарикунанда, даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва дар татбиқи амалии Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстримизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 диққати махсус дода, тавассути дониш ва таҷрибаи андухтаи худ дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи мудофиавии кишвар нақши муассир дошта бошанд. Мавсуф илова намуд, ки ҳадафи бевоситаи курси мазкур, баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ баҳри ҳифзу гиромидошти марзу буми Ватан мебошад.
Ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишо Карамалишоев зимни баромади худ аз таъриху ташаккули Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, қайд кард, ки Артиши миллӣ дар заминаи Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ташаккул ёфта, бо ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як ниҳоди бузурги сиёсӣ табдил дода шудааст. “Ҳимояи марзу бум ва ҳаёти осоиштаи ҷомеа маҳз аз Артиши миллӣ ва афсарону сарбозони шуҷоъи Ватан вобастагӣ дорад, пас моро зарур аст, ки дар ҳифзи амният ва якпорчагии давлати соҳибистиқлоли кишвар саҳми арзандаи худро гузорем”, - афзуд Карамалишо Карамалишоев.
Шоҳрух Ҳамидов, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ шунавандагонро доир ба татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии ҷавонон”, эҳсоси баланди худшиносии миллӣ андешаронӣ намуда, махсусан дар амал татбиқ намудани донишу таҷрибаи шунавандагонро аз рӯйи барномаи “Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа” муҳимму саривақтӣ арзёбӣ кард.
Дар фарҷом, аз ҷониби намояндагон ба хатмкунандагони курси такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии маъмурии шаҳрвандии комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи “Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа” гувоҳномаҳо супорида шуд.
Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон