User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром тамоми кормандон ва собиқадорон соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва сохторҳои онро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ки 6 май таҷлил мегардад табрик гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.

Тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташкилию инфрасохторӣ, кадрӣ ва техникии соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ таҳким ва баҳри пешбурди фаъолият шароитҳои созгор фароҳам оварда шуд.

Дар замони истиқлоли давлатӣ соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ чун дигар сохторҳои давлатӣ таҳаввулоти зиёдеро аз cap гузаронда, дар ҷомеа ҳамчун ниҳоди бонуфуз ҷойгоҳи шоиста касб намуд. Дар ин давра барои фаъолияти самараноки соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ташаккул ёфта, ваколату салоҳияти назоративии он дақиқан муаӣян шуд. Дар робита ба ин, самтҳои асосии фаъолияти њифзи сирри давлатї бо назардошти манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, таъмини қонуният ва тадбирҳо дар самти рушди ҳукумати электронӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, хизматрасониҳои давлатӣ ва маҷмуи чорабиниҳои дигар тақозо менамоянд, ки мушкилоти ҳифзи техникии иттилооти дастрасиаш маҳдуд ба таври пайваста баррасӣ ва роҳҳои ҳалли он дар мамлакат тақвият дода шаванд.

Боварӣ дорем, ки кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ минбаъд ҳам бо фаъолияти пурсамару бартариятнок, ҳисси баланди масъулият ва садоқат ба халқу Ватан дар таҳкими рушди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.

        Пирӯзиву комёбӣ ҳамеша ҳамқадами Шумо бошад!

                                 Иди касбӣ -муборак!

     

                                                            Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди

                                                               Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон