User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва масъули хизматчиёни давлатӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, масъалаҳои душвор ва падидаҳои бӯҳрониро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба осонӣ ҳал кунад.

Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 25 апрели соли 2008 таъкид намуданд, ки «барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати фаъолияти идоракунии давлатӣ бештар ба тарбияи кадрҳои баландихтисосу соҳибмаълумот, дорои ҷаҳонбиниву дониши амиқи касбиву сиёсӣ, қобилияти ташкилотчигиву кордонӣ, малакаи идоракунӣ, инчунин шахсони масъулиятшиносу ватандӯст, забондон ва аз технологияи муосир бархурдор таваҷҷуҳ бояд кард».
Ҳамчунин дар робита ба ҳидоятҳои мазкур ва амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, № 795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
      Оид ба ташкили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 18 апрели соли 2024, №92 ба тасвиб расонида шуда, тибқи он сатҳи донистани забонҳои русӣ ва англисии кормандони Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо масъулини Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода муайян карда шуд.
     Мувофиқи тавсияи масъулини соҳа дар Агентии хизмати давлатӣ 3 гуруҳи омӯзиши забони англисӣ(2-гуруҳи сатҳи А1 ва 1-гуруҳи сатҳи В1) ва 2 гуруҳи омӯзиши забони русӣ(сатҳҳои А2 ва В1) ташкил карда шуд.
     Машғулиятҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ бо давомнокии 60 дақиқа (барои ҳар як гуруҳ) ҳафтае ду маротиба аз 22 апрели соли 2024 дар Агентии хизмати давлатӣ бо ҷалби омӯзгорони Донишгоҳи мазкур шуруъ гардид.
     Бовари ҳаст Иқдоми мазкур дар тамоми мақомоти давлатӣ низ дастаҷамъона амалӣ карда мешавад.

 

                                                                   Шуъбаи ташкилию иттилоотии
                                                                   Агентии хизмати давлатӣ