Санаи 28 ноябри соли ҷорӣ дар толори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба такмили қоидаҳои эъломиякунонии андоз аз даромад ва вазъи молумулкии хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид. Гуруҳи байниидоравии мазкур бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 23 ноябри соли 2023, №313 таъсис дода шудааст.
Ҷаласаи гуруҳи кории мазкур дар шакли машварати пешакӣ вобаста ба лоиҳаи омодагардида бо иштироки директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М., муовини якуми директор - Қосимзода Г.Ҷ., муовини директор - Аҳмадзода Д.Д., сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ - Шарифзода А.Н., сардори шуъбаи хифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ - Файзализод А.Ф., сардори шуъбаи махзани маълумоти хизматчиёни давлатӣ - Саидова М.Д. ва дигар кормандони Агентии хизмати давлатӣ бо аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ муовини сардори раёсати такмили қонунгузории андоз -Назирзода Н. ва муовини сардори раёсати кадрҳо - Саидов К. ва корҳои махсуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаи такмил додани қонунгузорӣ ва марҳила ба марҳила амалӣ намудани эъломиякунонии электронии хизматчиёни давлатӣ, такмили тартиби эъломиякунонӣ муҳокима карда шуданд.
Зимни муҳокима ва баррасии масъалаҳои мазкур таҳияи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳои дахлдор вобаста ба такмили эъломиякунонӣ ва дар таҳрири нав қабул намудани қарорҳои эъломиякунонӣ муҳим арзёбӣ карда шуда, мутобиқсозии мафҳумҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод карда шуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон