User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 24 ноябри соли равон дар толори Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе таҳти унвони «Парчами давлатӣ-ифтихори миллӣ» чорабинии муштараки тантанавии Агентии хизмати давлатӣ ва Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе баргузор гардид.

         Дар чорабинӣ муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ-Қосимзода Гурез Ҷўрахон ва муовини директори Агентии хизмати давлатӣ– Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ, доктори илмҳои филология, ректори Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе - Мухторов Зайниддин Мухторович, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Ҷоизаи адабии ба номи Чингиз Айтматов - Муҳаммад Ғоиб иштирок ва суханронӣ намуданд.

          Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур кормандони Агентии хизмати давлатӣ, магистрантони Академияи идоракунии давлатӣ аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ ва устодону донишҷўёни Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе иштирок намуданд.

         Муовини директори Агентии хизмати давлатӣ - Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ иштирокдорони чорабиниро бо 31-умин солгарди қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, зимни баромад таъкид доштанд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари соҳибихтиёрии давлат ва равшанибахши роҳи миллат ба сӯйи ояндаи дурахшони кишвари азизамон мебошад.

       Парчами давлатӣ ифтихори ҳар як сокини Тоҷикистони соҳибистиќлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус ва ҳувияти миллии мардуми мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар рангҳои худ инъикос намудааст.

         Қайд гардид, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 1991 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул карда, озмун эълон намуд. Натиҷаи озмун дар Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 ҷамъбаст гардида, қарори дахлдор қабул карда шуд. Нахустин амали сарвари тозаинтихоби Тоҷикистон, Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосияи таърихӣ - ин бўсидани Парчами Тоҷикистон буд.

       Дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон имкон фароҳам омад, ки дар баробари дигар рўзҳои таърихӣ Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта шавад.

      Санаи 20 ноябри соли 2009 аз ҷониби Президенти кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба имзо расид. Мутобиқи он, ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

         Дар гиромидошти муқаддасоти миллӣ хизматчиёни давлатӣ бояд пешкору пешоҳанг бошанд. Беҳуда нест, ки зимни қабул ба хизмати давлатӣ ба донистани таъриху фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ таваҷҷуҳи махсус сурат мегирад.

       Меҳмонони ҳамоиш, аз ҷумла доктори илмҳои филология, ректори Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе - Мухторов З.М., Шоири халқии Тоҷикистон - Муҳаммад Ғоиб зимни баромадҳо вобаста ба таърихи парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ, таърихи парчамдории тоҷикон, қабули Парчами давлатӣ ва истифодаи он, нақши Парчам дар давлатдории миллӣ, арҷ гузоштан ба ин муқаддасоти миллӣ ибрози назар намуда, суханҳои хешро бо иқтибосҳо аз паёму суханрониҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвият доданд.

       Ҳамчунин дар чорабинии тантанавии муштараки Агентии хизмати давлатӣ ва Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе аз ҷониби донишҷўёни Донишкадаи мазкур бахшида ба Рўзи Парчами давлатӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ маърузаҳо пешниҳод карда шуданд.

       Дар қисмати ҷамъбасти чорабинӣ бо фармоиши директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе - Мухторов Зайниддин Мухторович ва сардори шуъбаи таҳлилию иттилотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Мавлонов Хуршед бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо «Ифтихорнома»-и Агентии хизмати давлатї қадршиносӣ карда шуданд.

 

                                                                          Агентии хизмати давлатии назди

                                                                             Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон