User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 17 марти соли равон бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши хизматчиёни давлатӣ дар пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ» дар толори мақомоти иҷроияи шаҳри Турсунзода баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур дар доираи татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 июни соли 2021, 187 тасдиқ гардидааст, ҳамзамон ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақвияти корҳои таблиғотӣ дар самти баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ҷиҳати муқовимат бо хатарҳои муосири ҷаҳонӣ ва пешгирии шомилшавии шањрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ташкил карда шуд.

Дар чорабинӣ Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич- директори Агентии хизмати давлатӣ, Акрамзода Парвиз Акрам-раиси шаҳри Турсунзода, Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ-ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одинаев Ҷаҳонгир-прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Ҳидоятзода Комрон Ҷамолиддин - сардори Раёсати масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳотамзода Сайдаҳтам Саидмукарам - полковники милитсия, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташакилонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мирзоев Суҳроб Неъматович-сардори шуъбаи  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар ҳамоиш кормандони Агентии хизмати давлатӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав, шунавандагони курси азнавтайёркунӣ аз рўйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, кормандони Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иштирок намуданд.

Директори Агентии хизмати давлатӣ зимни суханронӣ таъкид дошт, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти басо нигаронкунанда ва даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ ва даҳшатафкан тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишвари моро низ ба ташвиш овардааст.

Мақсадҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад.

Маърузачиён зимни суханрониҳо вобаста ба хатари экстремизму терроризм ба ҷомеа ҷаҳонӣ, тадбирҳои Ҳукумати кишвар дар самти пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, аҳамияти сулҳу субот ҷиҳати рушди иҷтимоию иҷтисодиёти кишвар,   ибрози андеша намуда, суханони хешро бо иќтибосҳо аз паёму суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият доданд.   

Иброз гардид, ки ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, сатҳи нокифояи маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидайн ба тақдири фарзандон, истифодаи бетартибонаи сомонаҳои интернетӣ, бефарҷии атрофиён ва амсоли инҳо мебошанд.

Даъват ба амал оварда шуд, ки бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар дастаљамъона заҳмат кашид.  

Дар фарљоми чорабинӣ маросими савгандёдкунии хизматчиёни ҷавон баргузор гардида, як зумра хизматчиёни давлатӣ бо мукофотҳои идоравии Агентии хизмати давлатӣ ҷадрдонӣгардиданд.

                                                                                                Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон