Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Ёрдамчии судяи Суди Олии иқтисодӣ – 1 ҷой, – маоши мансабӣ – 3074,75 сомонӣ.
- Сармутахассиси раёсати ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодӣ – 2 ҷой, – маоши мансаби – 2780 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари раёсати коргузорӣ ва назорат - 2 ҷой, маоши мансаби - 2265,70 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Суди Олии иқтисодӣ - 1 ҷой, - маоши мансаби - 2265,70 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи муҳосибот ва таъминоти моддию техникии судҳо - 1 ҷой, - маоши мансаби - 1862,60 сомонӣ.
Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон:
- Сардори шуъба – 1 ҷой, - маоши мансаби - 3225,35 сомонӣ.
- Ёрдамчии раис – 1 ҷой, – маоши мансаби - 2648,05 сомонӣ.
- Пристави судӣ – 1 ҷой, - маоши мансаби - 1959,90 сомонӣ.
- Котиби маҷлиси судӣ – 4 ҷой, - маоши мансаби - 1598,50 сомонӣ.
Суди иқтисодии вилояти Суғд:
- Котиби маҷлиси судӣ – 2 ҷой, - маоши мансаби - 1598,50 сомонӣ.
Суди иқтисодии вилояти Хатлон:
- Котиби маҷлиси судӣ – 1 ҷой, - маоши мансаби - 1598,50 сомонӣ.
Суди иқтисодии шаҳри Душанбе:
- Сардори шуъба – 1 ҷой, - маоши мансаби - 3225,35 сомонӣ.
- Ёрдамчии раис – 1 ҷой, – маоши мансаби - 2648,05 сомонӣ.
- Котиби маҷлиси судӣ – 2 ҷой, - маоши мансаби - 1598,50 сомонӣ.
Талаботҳои тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати судҳои иқтисодӣ:
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (ба довталабони ин вазифа, ки забони хориҷиро медонанд, бартарӣ дода мешавад);
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- малакаи бо қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кор кардан;
- одоби муошират бо ҳамкорон ва шаҳрвандон;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ; - таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
- доштани на камтар аз 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ.
Ба донандагони забони хориҷӣ афзалият дода мешавад.
Талаботҳои тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби ёрдамчиёни Раис муовини Раис ва судяи Суди Олии иқтисодӣ:
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (ба довталабони ин вазифа, ки забони хориҷиро медонанд, бартарӣ дода мешавад);
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- лаёқати таҳлил ва ҷамъбасти амалияи судӣ;
- малакаи бо қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кор кардан;
- одоби муошират бо ҳамкорон ва шаҳрвандон;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ; - таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
- доштани на камтар аз 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ.
Ба донандагони забони хориҷӣ афзалият дода мешавад.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал як забони хориҷӣ (муоширати озод);
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- кор карда тавонистан бо компютер;
- дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошанд.
Ба донандагони забони хориҷӣ афзалият дода мешавад.
Талаботҳои тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар ва пристави судӣ:
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
-1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал як забони хориҷӣ (муоширати озод);
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- кор карда тавонистан бо компютер;
- дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошанд.
Ба донандагони забони хориҷӣ афзалият дода мешавад.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби котиби марҳилаи якум, марҳилаи кассатсионии раёсати коргузорӣ ва назорат ва котибони маҷлиси судӣ:
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал як забони хориҷӣ (муоширати озод);
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; -
- кор карда тавонистан бо компютер;
- дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошанд.
Ба донандагони забони хориҷӣ афзалият дода мешавад.
Талаботҳои тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси шуъбаи муҳосибот ва таъминоти моддию техникии судҳо:
- маҳсилоти олии иқтисодӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал як забони хориҷӣ (муоширати озод);
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- кор карда тавонистан бо компютер;
Ба донандагони забони хориҷӣ афзалият дода мешавад.
Барои иштирок дар комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвонии Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (маълумоти шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ, аниқу фаҳмо нишон дода шаванд);
- тарҷумаи ҳол (чопӣ ва дастӣ);
- нусхаи шиноснома (намунаи соли 2014) агар ному насаб иваз карда шуда бошад, шаҳодатномаи ивази ному насаб;
- диплом ва нусхаи он бо замимааш;
- расм (3х4 ранга 4 дона ва 4х6 2 дона);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (дар мавриди доштани собиқаи меҳнатӣ);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда(РМА);
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимои;
- эъломия дар бораи даромадҳо ва ваъзи молу мулки худ;
- маълумотномаи ҷойи истиқомат ва оилавӣ;
- маълумоти тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ (талоқ);
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимои;
- маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштан;
- ҷузвдон (скорошиватель)
- лифофа
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кӯчаи Ф.Ниёзӣ-37,
Телефон барои тамос: 2 27 86 26
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.


