User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Сармутахассис (оид ба чорабиниҳои бахши РКҲФ ва МГ)-и вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2279,00 сомонӣ.
  2. Сармутахассис (оид ба чорабиниҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании бахши раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Зафаробод - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,40 сомонӣ.
  3. Сармутахассис (оид ба чорабиниҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании бахши раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2279,00 сомонӣ.
  4. Сармутахассис (оид ба чорабиниҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Шуъбаи раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2279,60 сомонӣ.
  5. Сармутахассис (оид ба чорабиниҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании бахши раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Спитамен - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,40 сомонӣ.

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба номи сардори Раёсат;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷатҳо:

  Шаҳри Хуҷанд маҳаллаи 32,

Телефонҳо барои тамос:  92-738-16-69, 93-888-45-32

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар  бораи гузаронидани озмун.

   Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.