- Сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Роштқалъа – 1 ҷой, 1956 сомонӣ.
Талаботи тахассуси барои довталабон:
- таҳсилоти олии молиявӣ, иқтисодӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ, ки ичрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеъа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ ва забоҳои хориҷӣ;
- маҳорати кор бо технологияи муосир (компютер).
Маоши мансабӣ - 1956 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи раиси шаҳр;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломати дар шакли 038 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома оид ба доғи судӣ
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Хоруғ, кўчаи Н.Атобек 16, бинои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ , ошёнаи 2.Индекс 736000
Телефонҳо барои тамос: \ факс: (83522) 2 – 43– 93, 2 – 60 – 64
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.